Машварати ҳуқуқӣ: Киҳо метавонанд васиёни ноболиғон шаванд?

Кадом шаҳрвандон мувофиқи қонун васиёни кӯдакони ноболиғ шуда наметавонанд?

АБДУЛЛО, шаҳри Ваҳдат

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи қонун танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:

— шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд;

— шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул карда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;

— шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё  парасторӣ озод карда шудаанд;

— шахсони мубталои майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ наметавонанд уҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *