Машварати ҳуқуқӣ: Маскуншаванда чӣ ҳуқуқ дорад?
Маро бо ду фарзандам маскун кардаанд. Хонаводаи шавҳарам бо адвокаташон мегӯянд, ки ба хонаат касе набиёяд, ҳақи меҳмон қабул кардан ва ба меҳмонии дурудароз рафтанро надорӣ. Оё ман дар ҳақиқат аз ҳуқуқҳоям маҳрум мешавам? Маскуншаванда чӣ ҳуқуқ дорад?
В. М.
— Моддаи 25-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои оилаи моликро чунин муқаррар кардааст.
1. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд:
1) дар баробари молик манзили истиқоматиро истифода баранд, агар ҳангоми маскун шудани онҳо ба манзили истиқоматии мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;
2) фарзандони ноболиғи худро дар қисми манзили истиқоматии барояшон ҷудонамудаи молики манзили истиқоматӣ маскун намоянд;
3) бо розигии молики (моликони) манзили истиқоматӣ аъзои дигари оилаи худро маскун намоянд.
2. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳангоми истифодабарии манзили истиқоматӣ уҳдадоранд талаботи пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 23-и Кодекси мазкурро риоя намоянд.
Қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 23-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон:
3) қоидаҳои истифодабарии манзилҳои истиқоматӣ, инчунин қоидаҳои нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро риоя намояд;
4) маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмири манзили истиқоматӣ ва маблағҳои дигарро вобаста ба истифода ва нигоҳдории зарурии манзили истиқоматӣ, аз ҷумла маблағҳои вобаста ба нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро сари вақт пардохт намояд.
Дар Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон меъёри маҳдудкунандаи ҳуқуқҳои зани маскуншуда дида намешавад. Зани маскуншуда метавонад бо истифода аз ҳуқуқу уҳдадориҳои муқарраркардаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манзили истиқоматии маскуншудааш зиндагӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ