Машварати ҳуқуқӣ: Парвандаи фарзандхондӣ чанд моҳ баррасӣ мегардад?
Суд парвандаи фарзандхондии кӯдакро дар давоми чанд моҳ баррасӣ менамояд?
ШАҲЛО, шаҳри Бӯстон
Посухи адвокат Инояи Иноятов:
— Мувофиқи талаботи қонун, судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ мақомоти васоят ва парастории маҳали истиқомат ё маҳали ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшавандаро вазифадор менамояд, ки ба суд дар хусуси асоснокӣ ва мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кўдаки фарзандхондшаванда хулоса пешниҳод намояд.
Ариза дар бораи фарзандхондӣ дар маҷлиси пўшидаи суд бо иштироки ҳатмии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), намояндаи мақомоти васояту парасторӣ, прокурор, кўдаке, ки ба синни чордаҳ расидааст ва ҳангоми зарурат — падару модар, дигар шахсони манфиатдор ва худи кўдаке, ки ба синни аз даҳ то чордаҳ расидааст, баррасӣ мегардад.
Суд парвандаҳоро дар хусуси фарзандхондӣ дар муҳлати як моҳ аз рўзи қабули ариза баррасӣ ва ҳал менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ