Машварати ҳуқуқӣ: Ширкати мобилиро ба суд диҳам?

Хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Ман қариб аз ҳамаи ширкатҳо истифода мебарам ва медонам, ки то куҷо ҳуқуқҳои мо поймол мешавад ва маблағҳо аз суратҳисобҳо гум мешаванд. Бар замми ин, суръати интернет ба он маблағе, ки мо пардохт мекунем, ҷавобгӯ нест. Оё ман метавонам дар ин маврид ба суд муроҷиат намоям?

Х. Д., муштарии ширкатҳои мобилӣ

— Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 11-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои граждании вайронгардида ё мавриди баҳс қарордошта тибқи мансубияти бо қонунҳои мурофиавӣ муқарраршудаи парвандаҳо аз ҷониби суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ (минбаъд суд) ба амал бароварда мешавад.

Бинобар ин, шаҳрванд ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайронгаштааш ба суд муроҷиат намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *