Машварати ҳуқуқӣ: Суд фикри кӯдакро ба эътибор мегирад?
Бо ҳамсарам дар суд баҳси муайян намудани ҷои истиқомати кӯдакро дорем. Суд зимни ҳал намудани масъалаи номбурда фикри кӯдакро ба эътибор мегирад ё не?
ШИРИН, шаҳри Душанбе
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи талаботи моддаи 57, иловаи 1 Кодекси оила кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад.
Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ