Машварати сиёсии байни Фаронса ва Тоҷикистон

Аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Ҷумҳурии Франсия 8 декабр дар Париж баргузор гардиданд.

Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Дар машваратҳо ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, дар мавзӯи мубориза бо таҳдидҳои замони муосир гуфтугӯйи судманд анҷом доданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорат.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳои сиёсӣ ҳамчунин мушорикати Тоҷикистону Франсия дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан СММ баланд арзёбӣ гардидааст.
Тавре дар иттилоия омадааст, ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баён намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Франсияро Директори Департаменти Аврупои континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд. Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иштирок доштанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *