Маскав барои Тошкент истгоҳи атомӣ месозад
Русия эҳтимоли сармоягузорӣ дар сохтмони неругоҳи атомии Узбекистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад.
Дар ин бора Дмитрий Прохоренко, намояндаи «Маркази содироти Русия» дар Узбекистон хабар дод.»Ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст. Вазифаи мо — аз ҳимояти содироти маҳсулот ва хизматрасонӣ иборат аст. Содироти технология яке аз авлавиятҳост. Мо, албатта, масъалаи сармоягузорӣ дар сохтмони неругоҳи атомиро баррасӣ хоҳем кард», — гуфт Прохоренко.Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ҳафтаи гузашта гуфт, созишномаи сохтмони нахустин неругоҳи атомӣ дар минтақа то охири соли ҷорӣ бо Русия имзо хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ