Маскав: Толибонро даъват кардем, Абдулло ва Карзайро не…

Сафорати Русия дар Кобул шоми якшанбе хабарҳо дар бораи ширкати эҳтимолии президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва собиқ раиси Шӯрои олии оштии Афғонистон Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав оид ба ҳалли мушкилоти Афғонистонро рад кард.

«Маълумот дар бораи иштироки Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав дуруст нест. Ҳарду дар рӯйхати меҳмонон нестанд», — навиштааст сафорат дар сафҳаи Твиттерияш.

Ҳайати «Толибон»(мамнӯъ дар Тоҷикистон)  — ро ноиби раиси ҳукумати «Толибон» Абдусалом Ҳанафӣ роҳбарӣ хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Маскав дар мавзӯи Афғонистон 20 октябр дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *