Маслиҳати хушдоман: Анъанаҳои наҷиби ниёгонро пос дорем!
Дар меҳмонии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» Исоева Дамдорбиби, сокини деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз қарор доранд. Модари азиз фарзандони солеҳеро тарбия намудаанд, ки имрўз дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда, ба Ватан хизмати содиқона мекунанд. Мо андешаҳои модарро дар мавриди кам гаштани таваҷҷуҳи оилаҳои замонавӣ нисбат ба анъанаҳои миллӣ пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
-Агар оиларо ба як давлати кўчак ташбеҳ диҳему зану мардро ба сарварони он, пас баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳар як оила аз сарфаю сариштакор будани сарваронаш сахт бастаги дорад. Дар оилаҳои суннатии тоҷик, мард ризқрасон ва зан нигоҳдорандаи гармию равшани ва серию пурии хонадон маҳсуб меёбанд, пас ғани ё муфлис будани хазинаи оила аз бонуи хона сарчашма мегирад. Мардуми тоҷик анъанаи қадими оиладори дорад ва дар ин фарҳанг ҳикматҳои зиёди ибратомўз нуҳуфтааст. Як анъанаи хуби ниёгони мо, ки ҳоло дар он низ рахна ворид шуда истодааст, гирди як хон, саҳару нисфирўзӣ ва бегоҳ истеъмоли ғизои сарҷамъонаи аҳли оила мебошад. Ин одати наҷиб ба фарзандон меҳр, ҳурмату эҳтиром ва дилсўзи меомўзад. Хурдон аз бузургсолони оила чи тавр сари дастурхон нишастану хўрок хўрдан ва сўҳбат карданро меомўзанд. Сари як дастархон ҷамъ омадану аз як суфра нон хўрдан, аҳли оиларо ба ҳам наздиктару қаринтар месозад. Мо ки посдори анъанаҳои наҷиби ниёгони хеш ҳастем, бояд пайгири ҳар падидаи хуб ва давомдиҳандаи он шавем. Ба фарзандон аз айёми кўдаки бояд фаҳмонем, ки дар кўча хўрдани хўрок айб аст, ҳамин тавр бо ҳам дидани як пора нон дар хонадон ба ҳукми одат медарояду фарзандони мо худпарасту худбин ба воя нахоҳанд расид. Барои ин ҳам ба фарзандон намуна бояд шавем, волидайнро зарур аст, ки новобаста аз муҳим будани касбу кори хеш ба хотири риояи урфу одати аҷдоди дар ҳалқаи азизони худ буданро фаромўш насозанд. То кадом дараҷа пайрави намудан аз анъанаҳои неки оиладории ниёгон аз тарбияи ҷавонон сарчашма мегирад. Тоҷике, ки ба миллату забону модару аҷдоди худ эҳтиром мегузорад, агар дар хориҷа зиндаги кунад ҳам, расму русуми милии хешро ҳеҷ гоҳ аз ёдаш намебарорад.
Сўҳбати Лола
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ