Маслиҳати хушдоман: Ҷавонмард бояд роҳбалади арӯсаш бошад!

Яке аз мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи мо ин пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад, ки сабаб ва омилҳои зиёдеро дар пай дорад. Тибқи маълумотҳои бадастомада синни аксари оилаҳои ҷудошуда аз 18 то 25-ро ташкил медиҳад. Чаро имрўзҳо ҷавонон калимаи даҳшатноки «Талоқ»-ро зиёд ба забон меоранд? Вобаста ба мушкилоти мазкур меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман” Бобоева Олиҳа, сокини деҳаи Калфисабади  ноҳияи Ёвон андешаи худро иброз намуданд.

-Солҳои пеш оила барои ҳар нафар муқаддасот ба шумор мерафту ба хотири нигоҳ доштани обрӯ ва нуфузи он ҳар аъзояш масъул буданд. Имрўз чи?! Чаро мардуми мо барои дупула гап калимаи даҳшатноки талоқро ба забон меоранд?

Як одати хеле хуби тоҷикона он аст, ки бонувони солори хона аз модар сар карда, то аммаю холаҳо дар гўши духтари ба қад расидаи хонадон ҳамеша панд мехонанд. Хонаи шавҳар оѓўши гарми модар нест, ки нозу нуз намуда, эркагию шухи намои, ҳама одатҳои бачагонаатро дар хонаи падари гузошта, он гаҳ ба хонаи бахтат қадам мон! Яъне, агар бо ақлу заковати худ зиндагиатро пеш бурда натавони, дар дами арраи мушкилоти оиладори ҷисмат орд мешавад. Духтаракони ҷавонро лозим аст, ки дар қатори касбу ҳунар, пазандагию дўзандаги боз одоби муносибат бо аъзоёни оила шавҳарро ёд гиранд. Зеро муҳимтар аз ҳама ин маърифати гуфтор аст, ширинзабонию меҳрубони аз хислатҳои ҳамидаи инсони, хоса бонувон ба ҳисоб рафта, метавонад соҳибашро дар дилу дидаҳо ҷо намояд.

Паҳлўи дигари бархӯрд ба ин мушкилот нақши мард дар зиндагони мебошад. Ҷавонмард, вақте арўсашро ба хона мебарад, бояд роҳбалади ў дар зиндагии мустақилона бошад. Зеро унс гирифтан ба одамони нав мушкили рақами яки келин ба хисоб меравад, агар ҷавон аз рўзҳои аввал чи гунагии фазои хонадон, табиати падару модар, хоҳару бародаронашро ба ҳамсари ҷавонаш фаҳмонад, зиндаги ранги дигар мегирад. Мутаассифона, аксари ҷавонони мо аз маърифати оиладори огаҳ нестанд ва як омили асосии пош хўрдани оилаҳои ҷавон низ маҳз ҳамин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *