Маслиҳати хушдоман.Чеҳраи кушода ҳам садақа аст

Муносибати хушдоману келин дар ҷомеаи мо баъзан боиси бадбахтӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон мешавад. Сабабҳои мушкилот дар чист? Аксарият бар онанд, ки келини тоҷик бояд нисбати хушдоман эҳтиром дошта бошад, бархи дигар бар он андешаанд, ки аз муносибати модаршӯ низ бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Оё хушдоман бояд манфиату хоҳиши келини хонаро ба инобат гирад?

Бо ин савол муроҷиат кардем ба модари азиз, сокини деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз Фазлихудоева Бўстон.

-Ҳурмату эҳтиром, меҳрубони, ширинзабони на танҳо дар муносибатҳои байни келину хушдоман, балки умуман дар муоширати байни одамҳо хеле зарур аст. Расули Акрам дар ҳадисҳои муборакашон овардаанд: Чеҳраи кушода ҳам садақа аст.

Мо дар зиндаги ба инсонҳое вомехўрем, ки ѓаму кулфат доранд, ҳазину хастаанд, баъзан як гапи хуб метавонад ҳоли ҳамин гуна инсонро беҳтар гардонад. Мардуми мо мақоле доранд, ки «Нони гандум надошта боши, забони мардум дошта бош», яъне бо меҳру муҳаббат бо одамон сухан кун. Ин муҳаббат баъзан болотар аз ёрии модди аст. Ёрии маънави ва равони, яъне як касро новобаста аз синну солу мавқеи иљтимоии доштааш дар љомеа, датсгири кардан мебошад.

Дар хонавода ҳам ҳамин аст, оила як давлати хурдакакест, ки он љо ҳам бояд сиёсати фарҳангиро бештар ривољ диҳем. Келин духтару ноздонаву нури чашми як нафари дигар аст, ки ба хотири писарат ба хонаи ту пой мондааст. Худованд лутф кунаду насиб гардонад, арўсаки имрўз фардо давомдиҳандаи насл ва модари набераҳои ту мешавад. Дар урфият мегўянд, ки «Аз хурдон гуноҳ, аз бузургон ато», яъне камбудии келинро пўшонидану ба ў дар зиндаги роҳбалад будан, ба мо калонсолон хелу зарур аст. Хушдомани хуб келинашро бо меҳрубони ба зиндагии наваш мутобиқ мекунад. Модарон ҳам вақте духтарашонро ба зиндагии нав гусел мекунанд, бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки акнун хонаву тахту бахти ту дар хонаи шавҳар аст ва ҳама одатҳои дар хонаи падар доштаатро фаромўш намо.

Таҳияи Дилошӯб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *