Маслиҳати мутахассис: Субҳонаи нерӯбахш кадом аст?

— Субҳона нерӯи рӯз барои бадан аст ва он чизе, ки мо субҳ мехӯрем, дар руҳияи мо дар давоми рӯз нақши калон мебозад,- мегӯяд мутахассис.

Кадом субҳона организмро бо маводи ғизоӣ таъмин карда, то нисфирӯзӣ ба инсон нерӯи руҳбаланкунанда ​​мебахшад? Дар ин бора Марина Мелникова, коршиноси ғизои дуруст, узви Ҷамъияти ғизошиносон ва мураббиёни саломатӣ мегӯяд.

Бино ба гуфти ин мутахассис, хӯрокҳое, ки мо субҳ мехӯрем, бояд барои бадан «сӯзишвории» хуб бошанд. Наҳорӣ “сӯзишворӣ”-ест, ки баданро нерӯ мебахшад. Варианти аз ҳама муфид ин шула (каша) аст, он метавонад аз марҷумак (гречиха), ҷав ва ярмаи он, гандум бошад. Дар шула миқдори зиёди карбогидратҳои суст мавҷуд аст, ки меъдаро зуд сер мекунанд ва намегузоранд, ки эҳсоси гуруснагӣ муддати тӯлонӣ пайдо шавад.

Ба гуфтаи вай, баъд аз он тухм мебошад. Якчанд тухми обҷӯш метавонад ба шумо он қадар нерӯ бахшад, ки он то хӯроки шом давом кунад. Агар ба он сабзавот ҳамроҳ карда шавад, варианти беҳтарини субҳона хоҳад буд. Тухм пур аз маъданҳо, витаминҳо ва сафедаҳоест, ки барои фаъолияти дурусти бадан заруранд.

«Ҳамчунин ба маҳсулоти ширӣ, ки организмро бо маводи ғизоии зиёд, витамини D, калий, калсий таъмин мекунанд, таваҷҷуҳ бояд кард»,- афзуд мутахассис.

«Меваҳои ситрусӣ бозёфти воқеӣ барои онҳое мебошанд, ки ҳамеша хоб кардан мехоҳанд. Шарбати афлесун дорои миқдори зиёди витамини С мебошад, ки баданро бо нерӯ пур мекунад. Агар ба шарбати афлесун шоколади сиёҳ илова шавад, барои руҳбаланд кардан ҳангоми субҳ кумак мекунад. Бо вуҷуди ин, шумо набояд чунин нӯшокиро бо меъдаи холӣ нӯшед, он метавонад ба захм оварда расонад»,- илова мекунад Марина Мелникова.

«Шоколади талх дорои на камтар аз 55% лӯбиёи какао, ки аз нахи ғизоӣ ва магний бой аст ва ин элемент барои баровардани эндорфинҳо, гормонҳои хушбахтӣ ва серотонин кумак мекунад, ки барои мубориза бо стресс ва асабоният зарур аст. Ҳамин тавр, як ду кубики шоколади талх кифоя аст, то аз хоб бедор шавед ва ба худатон дар тӯли чанд соат нерӯ ​​бахшед»,- чунин маслиҳати ниҳоӣ дод мутахассис.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *