Мастӣ ба пастӣ: Мард ҳамсарашро 6 корд задааст
Марди 59-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро 6 корд задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён бо ариза зани 35-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстон-қалъаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон шавҳараш, марди 59-солаи сокини ҳамон ҷо, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-омадааст дар иттилоия.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ