Мастӣ барад ба пастӣ
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҷаримаи ду наврас хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки 13-уми май, тақрибан соати 21:00, як ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе, тавассути суроғаи электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки дар кӯчаи Н.Муҳаммад, назди собиқ бозори «Шоҳмансур» ду ҷавонписар ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, шарафи ӯро паст задаанд.
Бо гузашти ҳамагӣ чанд соат аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҷавонони гумонбар муайян ва дастгир карда шуданд.
Муайян гардидааст, ки инҳо шаҳрвандон Абубакр Маҳмадуллозодаи 20 — сола ва ноболиғ А. Ғоибов мебошанд. Маҳмадуллозода Абубакр дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар макони ҷамъиятӣ нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда амали зиштро раво дидааст.
Маҳмадуллозода Абубакр барои ин амалаш ҷаримабандӣ шудааст. Нисбати волидайни ноболиғ Ғоибов А. бошад, протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ