Мастӣ барад ба пастӣ. Ҳабси маъмурии ду ҷавондухтар дар Душанбе

Аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот дар аксар маврид оқибат ба сар задани қонуншиканӣ анҷом ёфта, нафари сархушро шармандаву бадном месозад.  

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ва Ҷураева Фарзона Акрамбоевна, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳборо дастгир намуданд, ки дар ҳолати сархушӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон  4-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 02:00, дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳолати мастӣ ба шаҳрвандон дарафтода, бо дашномҳои кабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задаанд. Ҳамзамон бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд”,-иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Нисбат ба ҳар ду тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Суди ноҳияи Фирдавсӣ Каримбекова Сарвинозро ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва  Ҷураева Фарзонаро ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳолати муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокуниши манфии шаҳрвандонро ба миён овард. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *