Мастӣ барад ба пастӣ. Боздошти Ҳамидов дар “Саховат”
Мақомоти милитсия мардеро дар назди бозори “Саховат” дастгир карданд, ки нисбати зани тоҷик муносибати ғайриахлоқӣ мекард. Боздошти мард низ дар асоси шикояти зан сурат гирифтааст.
Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як ҷавонмард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори «Саховат» нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловар Фахриддинович, санаи таваллудаш 10. 08. 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сомон мебошад.
Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Диловар Ҳамидов ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст”,-мегӯяд манбаъ.
Бо қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ Диловар Ҳамидов бо ин амалаш ба муҳлати 5-шабонарӯз ҳабс гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ