Маст ё бемор. Ё чаро бадгумону бетараф шудаем?

Аз кӯчаи 8-уми март убур мекардам. Марди тақрибан 75-сола дар замин хобида, бо овози гиряолуд кумак мехост, вале касе ба ӯ нигоҳ намекард.

Даҳҳо нафар аз канораш гузашта, ӯро маст гумон карда, ё умуман диққат намедоданд, ё бо нафрат менигаристанд.

Чун ҳолати мардро дидам, бо кумаки волонтёри гуруҳи хайриявии “Дунёи умед” Муҳаббат Раҳимбердиева ва духтурони хайрхоҳ Фаррух Абдуллоев ва Ҳасанбой Калонов ба ӯ кумаки аввалини тиббӣ расонидем. Маълум гардид, ки марди куҳансол аз баланд шудани фишори хун дар канори роҳ афтодааст. Фишори ӯ 200/100 шудааст.

Худо медонад, агар кӯшиши шахсони номбурда намебуд, чӣ ҳодиса рух медод!

Мо куҷо меравем? Куҷо шуд раҳми инсонӣ? Куҷо шуд якдигарфаҳмӣ ва дасти кумак дароз кардан ба ҳамдигар? Ҳамаи мо рӯзе ба ин ҳол расиданамон мумкин. Бинобар ин, кадом ҳолате набошад (маст ё бемор), бояд ба ҳамдигар кумак кунем…

Умед ХИДИРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *