Мастчоҳ: Аъзам Ализода бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дидан намуда, бо кишоварзон ва ҳашарчиён суҳбат кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия, ҳамзамон, бо дастури ӯ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ба ғунучини ҳосили пахта ба кумаки марди деҳқон баромадаанд.

Раиси ноҳия зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии пахта барои беталаф ва ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил дастуру маслиҳатҳо дода, таъкид доштааст, ки шумораи ҳашарчиёнро аз ҳисоби саҳмдорон ва ёрдамчиён зиёда намуда, ҳамзамон онҳоро барои ғунучини пахта ҳавасманд намоянд.

— Тибқи маълумотҳои оморӣ, то ба имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 3000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки беш аз 10 фоизи нақшаи дурнамои ҳосилро ташкил медиҳад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *