Мастчоҳ: Боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ

Роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо ҳамроҳии раиси ноҳия Аъзам Ализода аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Оббурдон дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ, гурӯҳи корӣ аз ҷумла аз хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба кишт ва парвариши чормағзи заминӣ машғул мебошанд, дидан намуда, бо кишоварзон суҳбати сарироҳӣ анҷом додаанд.

— Ба роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ҷамоати деҳоти Оббурдон дар майдони 1200 гектар кишти чормағзи заминиро, ки аз он 180 гектарашро кишти такрорӣ ташкил медиҳад, гузаронидаанд. Заминҳои кишти чормағзи заминӣ имсол нисбати соли гузашта 112 гектар зиёд мебошад. Айни замон дар ҷамоати мазкур беш аз 50 фоизи заминҳои кишти ин зироати равғандор ҷамъоварӣ карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба деҳқонон барои оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳо маслиҳату машваратҳои муфид додааст. 

Гуфта мешавад, ки кишоварзону аҳолии ноҳияи Мастчоҳ аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

“Ҳоло 90 фоизи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ рост меояд. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар ноҳия 14-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ муташаккилона идома дорад,- зикр мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *