Мастии ронандаи “Митсубисӣ” боиси марги 5 мусофири “Опел” гардид

 Бино ба итилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисордар натиҷаи бархӯрди  “Митсубисӣ” бо “Опел”  5 тан  кушта ва се маҷруҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки садамаи маргбор, 22-юми сентябр тақрибан соати 01:30-и шаб рух додааст: “Искандари Абдулло, ронандаи 23-солаи “Митсубиси” дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст. Дар натиҷаи 5 нафар, аз ҷумла ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофирони автомашинаи мазкур занҳои 41 ва 47-сола, сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-сола, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Писарбачаи 12-сола, мусофири дигари “Опел” дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Манбаъ афзуд, ки мусофирони ҳалокшуда дар ин садама аъзои як хонавода будаанд: “Бар асоси тафтишоти пешакӣ ронандаи “Митсубисӣ” дар ҳолати мастӣ ба самти муқобили ҳаракат баромадааст ва боиси садама шудааст. Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва хулосаи ниҳоиро тафтишот баъдан эълон хоҳад кард”.
Мусофирони “Митсубисӣ”, ки ронанда ва як мусофири 25-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳат бародштаанд ва феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *