Мастона Эргашева

Мастона Эргашева: Келинам аз ними сухан маро мефаҳмад

Мастона Эргашева 25 соли умри бобаракати худро дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарояндаи яккахон сипарӣ намудааст. Соли 2003 бо ташаббуси Талабхӯҷа Сатторов Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Мастона Эргашева ҳамчун устоди санъат ба ин даргоҳи ҳунар ба кор даъват шуда, то имрӯз дар ин ҷо ҳамчун омӯзгор фаъолият доранд. Ба ифтихори 55-солагии фаъолияти ҳунарӣ ва 70-умин солгарди умри ин ҳунарманди наҷиб ба дасти дӯстдорони санъату ҳунар дастрас гардидани китоби «Мастона месарояд”, ки муаллифаш адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов ҳастанд, барои санъати тоҷик шарафи бузург аст. Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ва “Рӯзи Модар” аз ҳолу аҳволи бонуи ҳунар дидан намудем. Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо ин ҳунарманди асил пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

— Муаллимаи азиз, шуморо бо идҳои баҳорӣ табрик намуда, бароятон тани сиҳату умри дароз таманно дорем. Мегуфтед, ки барои ба ин сатҳ расидани шумо саҳми кӣ бузург аст?

— Ташаккур барои он ки ба суроғи ман омадед. Пушту паноҳи ман баъд аз Худо аввал волидонам буданд. Онҳо нисбати ҳунармандон эҳтироми хоса доштанду сурудҳояшонро дӯст медоштанд.

— Замоне, ки шумо рӯйи саҳна омадед, мардум нисбати бонувони санъаткор чандон назари нек надоштанд. Волидонатонро чӣ гуна розӣ кардед, ки барои санъаткор шудан ба шумо як каф дуои сафед диҳанд?

— Ҳангоми дар синфи 5 хонданам, ба навохтани дутор завқи беандоза доштам. Аз наздам чӯб ё ягон шохаи дарахт мебаромад, онро мисли дутор менавохтам. Шавқу завқи баландамро нисбати санъат дида, волидонам барои ба ин ҷода рафтанам монеъ нагаштанд. Солҳои 1969-1970 аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ духтаронро барои таҳсил дар шаҳри Душанбе иҷозат намедоданд, вале ман аз ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) омада, ба Донишгоҳи санъат дохил шудам.

— Мегӯянд, ки шумо бо марҳум Нигина Раупова дугонаҳои ҷонӣ будед? Баъзеҳо шумоёнро ҳатто нимшӯхию нимҷиддӣ “сегонаи ҷудонашаванда” меномиданд. Нафари сеюм, яъне дугонаи сеюматон кӣ буд?

НуқраРаҳматова. Бо он кас то ҳол дӯстӣ дорем. Аз шахсиятҳои пешин, ки ҳамроҳи мо кор кардаанд, Улфатмоҳ Мамаданбарова, Абдуҷалил Ҳошимов мебошанд. Дар синну соли мо як сухани хуш гуфтан, дилбардорӣ кардани атрофиён бароямон хеле зарур аст.  Пирӣ нағз асту агар аҳамият надиҳанд, инсонро мешикастааст…

— Баъзе мухлисонатон қисса мекунанд, ки замони шӯравӣ дар тӯйҳо аз сари апаи Мастона пул мерехтанд. Ин гуфта то куҷо ҳақиқат дорад?

— Бале, аз сари ману рақосаам пул мерехтанд. Боз пулро ҳамел кашида, мисли марҷон дар гарданам меовехтанд.

— Танҳо дар хазинаи тиллоии радио 200 суруд аз эҷодиёти шумо маҳфуз аст, ки аксарашро худатон оҳанг бастед. Бастани оҳанг ҳам мисли садо худодод аст ё дар натиҷаи таҷрибаи чандинсолаи эҷодкорӣ пайдо мешавад?

— Бастани оҳанг ба собиқаи корӣ дахл надорад. Агар суруди аввалро шунаванда ё тамошобин хуб қабул кунад, ин барои сароянда дастоварди бузург аст, рафту суруди аввал хуб пазируфта нашавад, эҳтимоли муввафақ шудан хеле кам аст. Ҳанӯз 15 сол доштам, ки сурудамро дар радио сабт намудам ва шукри Худо, аз ҳамон вақт мухлис пайдо кардам.

— Як зани ҳунарманд, ки ҳамзамон тарбияи фарзанд, нигоҳубини шавҳар ва иҷро кардани корҳои хонаро бар дӯш дорад, ба кадом мушкилиҳо бештар рӯ ба рӯ мешавад?

 — Соли 1974 донишгоҳро хатм карда, бо Камолиддин Икромов, яке аз доиранавозони моҳири шаҳри Исфара оила барпо кардем. Ҳамроҳ дар тӯйҳо баромад мекардем, ман дутор менавохтаму он кас доира. Оилаи хубу олидараҷа доштем, вале афсӯс шавҳарам соли 1982 дар як садамаи нақлиётӣ аз олам гузаштанд. Мо ҳамдигарро бениҳоят дастгирӣ мекардему зиндагии ширин доштем. Ду фарзанд дорам, як писару як духтар ва онҳо 4 фарзандӣ доранд. Дигар имкони шавҳар кардан нашуд, зеро корҳоям хеле зиёд буданд.

— Хушдоман ҳам модар аст мегӯянд, вале солҳои охир носозгориҳо байни келину хушдоман зиёд ба назар мерасанд. Шумо ҳамчун як зани дар зиндагӣ таҷрибадор сабаби инро дар чӣ мебинед?

— Ман 25 сол аст, ки бо келинам ҳамроҳ зиндагӣ мекунем. То ҳол ягон маротиба келинам қаҳр карда, ба хонаи модараш нарафтааст. Ними суханамро нагуфта, аллакай мефаҳмад, ки ман чӣ мехоҳам. Сардиҳо миёни келину хушдоман аз муносибатҳои носолими ҳарду ҷониб сурат мегирад.

— Шумо хонаи Каъбаро зиёрат намуда, ҳоҷибибӣ шудед. Пас аз зиёрати хонаи Худо дар ҳаётатон чӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад ва то кадом андоза нигоҳатон ба зиндагӣ тағйир ёфт?

— Зиёрати хонаи Худо охирин орзуи ман буд, ки ҷомаи амал пушид. Баъд аз зиёрати ин даргоҳи муқаддас инсон ба худаш нерӯи нав мегирад. Маро бемории диабети қанд азият медиҳад, фикр мекардам, ки шояд дар он ҷо роҳ гашта натавонам, вале баръакс аз саҳар то бегоҳ роҳ мегаштаму хастагии худро намефаҳмидам. Баъд аз зиёрати Кабъа инсон ҳис мекунад, ки аз нав таваллуд шудааст. 

— Ба духтароне, ки санъаткор шуданиянд, чӣ маслиҳат медиҳед?

Новобаста аз он ки кадом касбро интихоб мекунанд, бояд одоби хуб дошат бошанд. Дуюм, ростгӯю ростқавл бошанд. Бонувоне, ки роҳи маро интихоб кардан мехоҳанд, бояд бисёр китоб хонанд, мазмуни шеъру ғазалро фаҳмида тавонанд. Ана ҳамон вақт роҳи санъату ҳунар барояшон дуру дароз мешавад.

Суҳбати М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *