Мастура Исмоилова: Барои духтарам кор мекунам

Мастура Исмоилова зани 67- солае аст, ки дар ягон донишгоҳ нахондааст. Баробари хатми мактаб бо хости волидон ба шавҳар баромада, модари як писар мегардад… Шояд дар аввал достони қаҳрамони мо бисёр оддӣ ба назар мерасад, вале ҳар қадаре аз ҳаёти ӯ огоҳ шавед, ҳамон андоза ба қаҳрамон буданаш тан медиҳед.

Сабақ аз рӯзгори сангин

Холаи Мастура ҳоло дар яке аз хобгоҳҳои кишвар ба ҳайси фаррош ва нигаҳбон фаъолият мекунад. Зиёда аз шаш сол аст, ки хобгоҳ барояш хонаи дуюм гаштааст. Қаҳрамони мо мегӯяд, дар ин синну сол кор барояш мушкил аст, чунки саломатиаш хуб набуда, роҳгардиаш душвор гаштааст. Мутаассифона, ӯ маҷбур аст, ки ба кор барояд.

“Ман дар хона як духтархонди 27- солаи маъюб дораму барои нигоҳубинаш ба маблағ ниёз дорам. Писари соҳибвазифа ва келини таҳсилкарда дорам, ки ҳоло дар самти худ фаъолият мебаранд,”-мегӯяд Мастура-хола.

Қиссаи духтархонди Мастура-хола бисёр ҷолиб аст. Ӯ худро қаҳрамон мешуморад, зеро як оилаи ҷавонро аз пошхӯрӣ наҷот додааст. Аз рӯи нақлаш Мастура дар оилае таввалуд шудааст, ки фикру ақидаи волидайнаш нисбати ояндаи як духтар хело маҳдуд будааст. Онҳо чанд духтар будаанд ва дар оила писар надоштаанд, падари Мастура духтаронашро дар 17-18- солагиашон ба шавҳар медодааст.

Қаҳрамони мо мактаби миёнаро хатм кардан замон, ба шавҳар баромада, соҳиби як писарчаи нозанин мешавад. Дар ин ҳангом хоҳарчаи хурдии Мастураро падараш ба як писари сарватманд медиҳад. Бо тақозои замон ва гардиши айём наварӯс фарзанди маъюб ба дунё меорад. Аҳли оилаи шавҳараш кӯдакро қабул намекунанд. Хоҳари Мастура бошад, маҷбур шуда, кӯдакро ба “Хонаи маъюбон” месупорад. Ҳамон солҳо Мастура, ки шароити зиндагиаш хуб будааст, он кӯдакро, яъне ҷиянашро  аз “Интернат” гирифта, ба фарзандӣ қабул мекунад.

Ҳам зану ҳам мард

Дере нагузашта, шавҳари Мастура-хола аз дунё мегузарад ва ӯ маҷбур мешавад барои таъмини кӯдаконаш ба кор барояд. Ӯ мегӯяд, корро аз боғчаи кӯдакона оғоз кардааст:

“Муддати 30 сол дар боғча ба ҳайси фаррош кор кардаам. Соли аввали фаъолият аз тарафи корхона маро ба курси омӯзиши касби мураббиягӣ ва баъди хатми омӯзишгоҳ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи омӯзгорӣ равон карданд. Вале ба донишгоҳ нарафтам. Агар дарс мехондам, касе набуд, ки кӯдаки маъюбамро нигоҳубин намояд”.

Холаи Мастура сарчашмаи нокомиҳои худ ва хоҳарашро дар ҳаёт бо сабаби аз таҳсил дур монданашон мебинад. Агар дар вақташ волидон иҷозати таҳсил медоданд, шояд ҳоло соҳиби касбу кори шоиста мегашт. Имрӯз аз он ки дар вақташ таҳсилро идома надодааст, хело пушаймон аст:

“Агар дар донишгоҳ мехондам, шояд имрӯз аз субҳ то шом фаррошӣ намекардам. Ё ақаллан ҳоҳарам мехонд, он гоҳ маҷбур намешуд, ки ба хотири як бурида нону дар соя як нафар зиндагӣ кардан, фарзандашро ба ятимхона супорад”.

Чашм ба роҳ

 “Ман аз корам розиам, вале саломатиам хуб нест. Писарам мегӯяд, ки духтарамро бурда, ба “Хонаи маъюбон”-и шаҳр супораму корро бас кунам, вале дилам намешавад. Маънии зиндагиам айни ҳол ҳамин духтарам аст, ки аз субҳ то шом чашминтизорӣ мекашад”, -мегӯяд ӯ.

Духтари Мастура-хола на пои равон дораду на забони бурро. Духтурон мегӯянд, ки чунин беморон умри дароз намебинанд, вале қаҳрамони мо ба умри дароз дидани духтараш умед дорад.

Мастура ҳафтае се шабонарӯз кор мекунад. Аз субҳ хобгоҳро рӯбучин карда, шабҳо ба ҳайси посбон фаъолият мебарад. Ӯ мегӯяд, ду сол қабл аз номи Раиси шаҳр барои духтари маъюбаш дар маркази пойтахт хона гирифтааст:

“Сад шукр, ки имрӯз як сарпаноҳ дорам. Дигар метавонам бо дили пур аз дунё равам. Ман дар зиндагӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудам, вале ҳамеша аз будани як нафар, ки ба ман ниёз дорад, ба зиндагӣ дилгарм мегардам. Духтарам гарчанде забон надошта бошад ҳам, бо нигоҳи меҳромезаш мефаҳмонад, ки барояш азиз ҳастам.”

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *