Масъуд: Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки ҷонашро барои ин сарзамин ва мардум дареғ надошт
Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати милии Афғонистон бо Амирхон Муттақӣ, аз раҳбарони аршад ва собиқ вазири фарҳанги Толибон суҳбат кардааст
Ин суҳбат дирӯз, 22 август, тариқи телефон баргузор шуда, Аҳмад Масъуд аз дафтари муқовимат дар Панҷшер ва Амирхон Муттақӣ аз Кобул суҳбат кардаанд.
Яке аз мушовирини Аҳмади Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, раҳбари Толибон аз омири ҷавони муқовимат хостааст, ки силоҳро канор гузошта, сари мизи музокирот нишинанд ва ҷанги ӯ бо Толибон маъно надорад.
“Аҳмад Масъуд гуфт, мо тарафдор ин ҳастем, ки бинои як Афғонистон озод, мустақил ва мураффаҳро бигузорем, ки аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум ба даст омада метавонад. Аммо агар масъалаи зӯр ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки барои дифоъ аз сарзамин ва мардум то сарҳади фидо кардани ҷонаш пеш рафт”, — гуфт ӯ.
Амирхон Муттақӣ дар ҷараёни гуфтугӯ мегӯяд, ки ҳар гоҳ даст аз муқовимат бардорӣ ҷону молат дар амон хоҳад буд, ҳеҷ касе ба дороӣ, сарват, мулкият ва хонаҳоят дар Кобул таарруз нахоҳад кард ва ҳамаи онҳо ба саломат бароят таслим дода хоҳанд шуд.
“Ман дар Кобул мулкият ва сарват надорам, падарам низ сарвату мулкияте надошт. Як хона аз падаркалонам ба мерос мондааст, ки он ҳам марбути ҳама хонаводаи мо мешавад”, — гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Дар маҳаллаи Кортаи сеюми Кобул ҳавлии бобои Аҳмад Масъуд вуҷуд дорад, ки то забти ин шаҳр аз сӯи Толибон Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд ба ҳисоб мерафт. Дар ин манзил айёми мактабхонии падари ӯ – Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, низ гузаштааст.
Амирхон Муттақӣ дар идомаи суҳбат бо лаҳни мулоим ва ишораҳо ба Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки муқовимат алайҳи Иморати исломии “Толибон” суде надорад, зеро онро кишварҳои қавӣ пуштибонӣ мекунанд ва ҳам ин ҳаракат аз лиҳози низомӣ таҷҳизоти пешрафтаву замонавинро дар ихтиёр дорад. Раҳбари муқовимати Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои ӯ низ ба таври кофӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҳама муҳим, ангеза ва руҳияи ҷангии онҳо хеле қавӣ аст.
“Дар муқовамати мо шак надошта бошед. Мо барои Панҷшер на, балки барои Афғонистони озод ва боварҳову арзишҳои худ хоҳем ҷангид”, — гуфтааст Аҳмад Масъуд .
Нерӯҳои муқовимати Афғонистон ҳаракати “Толибон” – ро як гурӯҳи ниёбатие унвон мекунанд, барои манофеъи пуштибонони хориҷии худ меҷанганд ва мехоҳанд ин кишварро ба пойгоҳи бузурги созмонҳои террористӣ табдил диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ