Масъуди Миршоҳӣ

Доктор, профессор ва академик зодаи Нишобур аст. Омӯзишҳои дабистон ва дабиристонро дар Нишобур ва шаҳри Машҳад, омӯзиш дар риштаи пизишкиро дар Машҳад, тези доктории пизишкиро дар шаҳри Мастрихти Голландия, доктории давлатӣ дар илмҳои эманулужӣ ва пайванди аъзо, ҳамчунин тахассус дар риштаи саратонро дар донишгоҳи пизишкии Париж ба поён расонидааст. Вай чандин ҷоизаи улуми пизишкиро аз Фаронса, Япония ва Амрико дарёфт карда, охирин ҷоиза аз Институти Фаронса (Академияи илмҳои Фаронса) будааст. Масъуди Миршоҳӣ акнун мудири як гурӯҳ дар бахши пажӯҳишҳои саратоншиносӣ дар Маркази миллии пажӯҳишҳои илмии Фаронса (CNRS) ва донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Порис аст. Аз ҷумлаи корҳои пизишкии вай, ки аҳамияти фаровоне дар сохтори пизишкии навин дорад, истифода аз селулҳои бунёдӣ дар бозсозии қалбу рагҳо аст.

Корҳои илмии Масъуди Миршоҳӣ дар беш аз 200 мақолаи илмӣ ва 250 конференсия гузориш дода шудааст. Ӯ монанди бештари эрониён ба фарҳанги модарии худ меболад ва то кунун масъулияти ду анҷумани фарҳангӣ — «Анҷумани фарҳанги Эрон» аз соли 2000 то 2006 ва Анҷумани «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» аз соли 2009 то кунун дар Порис ба уҳда дорад. Масъуди Миршоҳӣ бунёнгузори «Анҷумани Рӯдакӣ» аст. Ин Анҷуман бо ҳамкории гурӯҳе аз фарҳехтагони эронӣ ва тоҷикӣ дар соли 1993 бо ҳадафи пажӯҳиш дар густараи фарҳанги эронӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, Эрон ва Қафқоз ва Порис бунёнгузорӣ шуда, то кунун беш аз ҳафт ҳамоиши ҷаҳонӣ ва ҳамчунин чандин гирдиҳамоӣ баргузор намудааст. Суханрониҳои ин ҳамоишҳо дар 8 ҷилд китоб бо номи «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон ва шинохти Авесто» дар Порис ва Тоҷикистон мунташир гардидааст. Аз корҳои адабии дигари номбурда метавон ба «Шеъри занони Афѓонистон» чопи Порис ва Эрон, «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро» чопи Порис, «Ҷусторҳо дар забон», «Адаб ва фарҳанги Тоҷикистон» дар 2 ҷилд (Эрон), китоби «Роста» (Эрон), ки ба пизишкии пеш аз тозиши тозиён мепардозад, «Ҷусторҳо дар забон», «Адаб, таърих ва фарҳанги порсӣ» чопи Лондон ва дигар даҳҳо китобу мақолаҳо дар бораи забон, абад, фарҳанг ва ҳунар дар густараи фарҳанги эронӣ метавон ишора кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *