Масъуди Миршоҳӣ — Шеъру адаби тоҷикӣ дар садаи XX ба забони фаронсавӣ
Забон, адаб ва фарҳанги як кишвар замоне шукуфо мешавад, ки аз марзҳои кишвар по фаротар намуда ва ба забонҳои дигар низ баргардон гардад. Адабиёти тоҷику форс садаҳост, ки ба бештари забонҳои роиҷ дар дунё тарҷума ва бисёре аз онҳо шинохта шудаанд. Аз Рӯдакӣ гирифта то Низомӣ, аз Пури Сино то Маҳмуди Хуҷандӣ, аз Берунӣ ва Фирдавсӣ то Носири Хусрав ва Хайём, садҳо адибу донишманд корҳояшон дар дунё шинохта шудаанд. Дар ин кӯтоҳ, ҳадаф баррасии кори онҳо дар забони фаронсавӣ нест, балки дар ин ҷо мехоҳем корҳои адибони тоҷике, ки дар садаи ахир ба забони фаронсавӣ мунташир шудаанд, ишора кунем. Нависандаи ин ҷустор танҳо ба корҳое, ки дар ихтиёр дорад ишора мекунад ва агар беш аз ин мавҷуд аст пасонтар онҳоро муаррифӣ хоҳем кард. Аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар солҳои 1924 ва 1926 чанд сафарнома ба забони фаронсавӣ мавҷуд аст, ки тавассути рӯзноманигорони русӣ навишта шуда ва ба фаронсавӣ баргардон шудааст. Дар ин миён китобе бо номи «Тоҷикистон» дар соли 1954 барои нахустин бор вилоятҳои Тоҷикистонро муаррифӣ карда ва танҳо китобе аст, ки ба гунаи комил ба сабки таблиғот советикӣ дар дастраси аврупоиҳо қарор гирифтааст.
Интишори корҳои адабии Тоҷикистон дар Фаронса аз соли 1956 оғоз гаштааст ва бунёнгузори ин кор шахсияти барҷастаи адабии Фаронса «Луи Орогун» мебошад. Вай дар соли 1897 дар Париж ба дунё омада ва дар соли 1982 дар Париж фавт мекунад. Луи Орогун, шоир, достоннавис ва журналист, аз шахсиятҳои барҷастаи ҳизби коммунисти Фаронса мебошад (аз соли 1927 то поёни умр).
Луи Орогун
Луи Орогун дар ду ҷилд кӯшиш мекунад, ки адабиёти советикиро ба забони фаронсавӣ муаррифӣ кунад. Нахустин ҷилд бо номи «Пештозе бар адабиёти советик» бузургони адабиёти рус, аз ҷумла Алексей Толстой ва Константин Фединро муаррифӣ кардааст. Ҷилди дувуми ҳамин китоб «Бухоро» ном дорад, ки муаллифи он Садриддин Айнӣ мебошад. Ин ду ҷилд китоб тавассути интишороти муътабари фаронсавӣ дар соли 1956 вориди бозор ва ганҷинаи адабиёти Фаронса мегардад. Китоби дигари Садриддин Айнӣ бо номи «Марги судхӯр» «La mort de l’Usurier» дар соли 1957 ба забони фаронсавӣ мунташир мегардад.
Дар муқаддимаи китоби «Бухоро» ёдоварӣ шудааст, ки китоби «Бухоро» нахустин асари адабии тоҷикӣ аст, ки ба забони фаронсавӣ тарҷума шудааст.
Адабиёти советӣ бо муқаддимаи Луи Орогун
«Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ
Солҳо баъд, дар соли 1981 «Намунаи адабиёти тоҷик» ба ҳамроҳи муаррифии ҳунарҳои таҷассумӣ дар шумораи 269 «Номаи советик» дар 192 сафҳа ба забони фаронсавӣ мунташир мешавад. Дар ин шумора кори беш аз 21 нафар омадааст, ки дар ин ҷустор сурат ва корномаи кӯтоҳ барои ҳар нафар ба забони фаронсавӣ гузориш шудааст, ки дар ин ҷо меоварем. Ин нома бо муқаддимаи Мўъмин Қаноат оғоз гардида ва пас аз он қитъаҳо ба гунаи шеър ва ё наср бахши аввали ин номаро ташкил медиҳад. Нахуст аз Мирзо Турсунзода чакомаҳое бо номи: «Уқоб», «Боғи мо», «Як зан як зан аст» ва «Баргашт аз Ҳинд» омадааст. Бахши дувум ба наср ва аз Ҷалол Икромӣ бо номи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», сипас аз Мирсаид Миршкар чакомаҳое бо номи «Дили ман аз они инқилоб аст» ва дигаре бо номи «Марде, ки ҳастам ба он мағрурам», пас аз он достоне бо номи «Пештар…» аз Сотим Улуғзода ва пайрави он манзумае аз Боқӣ Раҳимзода бо номи «Дар равшании моҳ» омадааст. Дар дохили ин саҳифаҳо намунаи ороиши занона, аз ҷумла синарез, гӯшвора ва дастдўзиҳои сӯзанӣ гузошта шудааст.
Номаи советик
Номаи советик бо достони баланде дар ҳафт бахш аз Фазлиддин Муҳаммадиев бо номи «Дуэл» идома пайдо мекунад ва пас аз он чакомаҳое аз Аминҷон Шукӯҳӣ бо номи «Заминро барои нахустин бор шухм занем» ва «Умеди ман, ту ба орзуи ман хиёнат мекунӣ» омадааст. Дар дохили саҳифаҳо наққошиҳое аз Зиёратшоҳ Давлатов (Ибни Сино), Сабзалӣ Шарипов (Бемаргон, Ҷашни Наврӯз), Зиёратшоҳ Давлатов (Боғи анори падарбузургам), аз Мурувват Бегназаров ду кор (Чеҳраи як ҳунарманд, Чашмандоз), Зиёратшоҳ Довудов (Сохтани намад) ва аз Валимад Одинаев (Навозандагон) омадааст. Ду шеър аз Лоиқ Шералӣ бо номҳои «Душанбе» ва «Кӯҳҳои Суғд» ва пас аз онҳо намунаи кори Расул Ҳодизода бо номи «Гулдони гул дар айвон» ва сипас аз Бозор Собир чаҳор чакома: нахустини он беном ва боқӣ: «Замин», «Рози ман» ва «Кобул» омадааст. Аз Фотеҳ Ниёзӣ навиштае, ки бо номи «Хуррам…» оғоз мешавад ва достони «Дар Сталинград мегузарад» вуҷуд дорад. Ва сипас чакомаҳои Гулрухсор Сафиева бо номҳои » Ленин», «Арўсӣ» ва ҳамчунин аз Гулназар Келдӣ чакомаҳое бо номи «Шояд ба номи замин сукут кун» гузориш шудааст. Аз Урун Кӯҳзод достоне бо номи «Гарданаи кӯҳ» ба гунаи фишурдашуда ва пас аз он чакомаҳое аз Гулчеҳра Сулаймонова «Дарахти булути ман», «Ба писарам» ва сипас аз Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ шеърҳое бо номи «Норак» ва «Рубоб» ва сипас аз Зулфия Атоӣ ду чакома бо номҳои «Осмон дар биркаи об» ва «Шеъри мурча» омадааст. Аз Темур Зулфиқоров достони «Нахустин ишқи Мулло Насриддин» ва як матни дигар ва пас аз он, аз Отахон Латифӣ панҷ матни адабӣ гузориш шудааст.
Бахши дигар аз китоб бо номи мероси адабӣ аз Айнӣ то Юсуфӣ бо муқаддимаи Хуршед Отахонова ба адибони классики тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав, Абдусалом Деҳотӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ пардохта ва намунаҳое аз кори ҳар кадомро овардааст. Дар бахши дигар бо номи «Инсон ва замонаш» аз Муҳиддин Ҳоҷиев матне бо номи «Эътибори нур» оварда шудааст. Афзун бар инҳо, бахше бо номи «Дидгоҳҳо» омадааст, ки дар он аз Муҳаммадҷон Шукуров навиштае бо номи «Тарҳи замон» ва аз Аскар Ҳакимов матни «Пайдоиши намунаҳои кўҳан» ва аз Отахон Сайфуллоҳ мақолае бо номи «Робитаҳои байналмилалии адабиёти тоҷик» омадааст.
Дар фасле дар бораи «Афғонистон-Тоҷикистон, бародарӣ дар адабиёт», «Номаи Сулаймон Лоиқ аз Афғонистон ба Мўъмин Қаноат», ки то абад дидгоҳи Ленин зинда бимонад» гузориш шуда ва дар посух ба он Мўъмин Қаноат бо шеър дар чаҳор қисмат: «Инқилоби моҳи апрел», «Зиндагӣ дар киштзорҳо», «Барои Баҳрайн» (фарзанди кучаки Мўъмин Қаноат) ва «Субҳи Умед» овардааст ва пас аз он иртиботи адибони тоҷику афғон дар ду сафҳа омадааст. Дар бахше Муҳаммад Сайфиддин Осимӣ дар бораи советикшиносӣ овардааст. Дар идома, охирин бахши китоб дар бораи ҳунари тоҷик мебошад, ки дар он Лутфия Айнӣ дар бораи ҳунармандони ҷавони тоҷик ва сипас Раъно Муҳаммадова дар бораи ситораи балети тоҷик «Малика Собирова» ва дар поён ҷусторе аз Аслиддин Низомов дар бораи шашмақом навиштааст. Дар дохили матн се наққошии сиёҳқалам аз Турдӣ Самандаров бо номҳои (Ятим), (Марги судхӯр) ва (Мурғоб) вуҷуд дорад.
Дар поёни китоб феҳристи бархе аз нависандагон омадааст, ки иборатанд аз:
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Зулфия Атоӣ, Лоиқ Шералӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ)
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Ҳабибулло Файзулло, Ҷалол Икромӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Мўъмин Қаноат)
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Гулназар Келдӣ, Расул Ҳодизода, Урун Кӯҳзод, Отахон Латифӣ)
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода)
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Боқӣ Раҳимзода, Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир, Гулчеҳра Сулаймонова)
Феҳрист ва корномаи нависандагони «Номаи советик» (Мирзо Турсунзода, Темур Зулфиқоров)
مسعود میرشاهی — شعر و ادب تاجیکی در سده بیست به زبان فرانسوی
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ