Масъуди Пизишкиён Президенти нави Эрон

Дар даври дуюми интихоботи президентии Эрон Масъуди Пизишкиён — номзади ислоҳталаб ғолибият ба даст овард.

Рақиби ӯ Саид Ҷалилии усулгаро буд.

Пизишкиёни 70-сола дар Озарбойҷони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Падараш озарӣ ва модараш курд буданд. Бинобар ин, забони туркӣ ва курдиро низ балад аст. Узви Ҷамъияти дӯстии Эрону Туркия мебошад.

Пизишкиён ҷарроҳи қалб аст. Охири солҳои 90-ум ба майдони сиёсӣ ворид шуд. Дар ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ вазири тандурустӣ буд. Феълан аз ҳавзаҳои Табрез ва Озаршаҳр дар Маҷлиси Эрон намоянда аст. Муддате муовини аввали раиси Маҷлис ҳам буд.

Пизишкиён дар интихоботи президентии соли 2013 сабти ном шуд, вале номзадии худро бозпас гирифт.

Дар интихоботи соли 2021 кӯшиши ширкат кард, вале номзадии ӯ рад шуд.

Ҳамсари Пизишкиён, ки духтури амрози занона буд, соли 1993 дар як садамаи нақлиётӣ бо як фарзандаш вафот карданд. Пизишкиён дигар оиладор нашуд ва ду писару ду духтарашро танҳо ба воя расонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *