Масъуди Сипанд: Агар Сомониён набуд, Фирдавсӣ намебуд!
“Як ронандаи таксӣ гуфта: -“Як эронӣ омадаасту мехоҳад ҳамаи моро кофар кунад.” Шояд ӯ мусоҳибаҳои маро дар мавриди дину хурофот хондаву ба чунин хулоса омадааст, аммо ман ҷуз меҳрубонӣ ба мардуми тоҷик дигар ҳадафе надорам. Ман ҳам мусалмонзодаам, аммо исломи ман исломи маъмулӣ нест, балки монанди Суҳроби Сипеҳрӣ аст:
Ман мусалмонам
қиблаам – як гули сурх
ҷонамозам – чашма
дашт – саҷҷодаи ман.
Суҳбати ман бо шоир ва файласуф Масъуди Сипанд, ки барои ширкат дар ҳамоиши “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то ба имрӯз” ба Душанбе омада буд, бо ҳамин ҳарфҳо оғоз шуд ва бо масоили илму хурофот ва шеъру адабиёт поён ёфт.
Хурофот дар оини зардуштӣ
-Бештари онҳое, ки дар Тоҷикистон шуморо мешиносанд, фикр мекунанд, ки зардуштӣ ҳастед.
-На, ман он қадар зардуштӣ ҳам нестам. Аммо ба оини зардуштӣ, ки аҷдодони мо аз он пайравӣ мекарданд, эҳтиром дорам. Оини зардуштиро дин ҳисоб намекунам. Барои ман зардушт омӯзгор аст. Ман бештар ба илм, ба ҳанҷори ҳастӣ бовар дорам. Тарафдори оини меҳрам ва инсондӯстиро тарғиб мекунам.
-Ба қавле:
Дини ман оташпарастӣ не,
Дини ман одампарастӣ бод!
-Фарзона шоири бузургест, аммо чаро “парастиш” гуфта намедонам. Зеро парастиш — нигоҳдорӣ намудан, нигоҳбанӣ кардан аст. Вожаи парастор ҳам аз ҳамин аст, яъне шахсе, ки маризро нигаҳбонӣ мекунад. “Рrotect” – муҳофизат, нигаҳбонӣ кардан дар забони англисӣ низ аз ҳамин аст. Дар гузашта оташ камёб буд. Бинобар ин, нафаре ҳамеша аз он муроғибат мекард, то ки хомӯш нашавад. Ба ин нафар мегуфтанд – оташпараст. Аммо айни замон онро ба сифати пайравони оини зардуштӣ ба кор мебаранд, ки дуруст нест. Албатта, оташ дар қатори обу хоку ҳаво дар оини зардуштӣ муқаддас аст, зеро ин чор унсури табиат ҳаётро дар рӯйи замин нигоҳ медорад.
-Феълан вазъи оини зардуштӣ дар ҷаҳон чӣ тавр аст? Пайравонаш меафзоянд ё кам мешаванд?
-Гурӯҳи зиёде аз эрониҳо ба ин оин баргаштанд ва “Гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек”-ро пайравӣ мекунанд. Албатта, зардуштиёни имрӯз аз зардуштиёни замони Сосониён фарқ мекунанд. Инҳо медонанд, ки хурофот дар дини зардуштӣ давлати абарқудратеро фано кард…
-Яъне, дар оини зардуштӣ ҳам хурофот мавҷуд буд?
-Бале ва рӯҳониёни зардуштӣ дар замони хеш бадтар аз рӯҳониёни насоро ва ислом буданд. Ҳол он ки “Готҳо”-и Зардушт саропо аз меҳру муҳаббат ва инсондӯстӣ аст ва дурӯғро маҳкум мекунад. Дар баробари ин хурофот дар оини зардуштӣ реша давонд ва «Вандидод» барин китобҳои масхара ба миён омад, ки бар фоидаи рӯҳонӣ ва зарари мардум буд.
Дин идеология аст
-Умуман, дин аз хурофот чӣ фарқ дорад?
-Дин дастур аст. Ба эътимоди эътиқодмандон дастур аз ғайб. Аммо оин сохтаи дасти инсонҳост. Хурофот дурӯғе ҳаст, ки як гурӯҳи рӯҳониён барои кӯр кардани мардум месозанд ва ба ин васила зиндагии худро хуб мекунад. Муллоҳо бо истифода аз номи Худо мардумро фиреб медиҳанд ва ба нафъи худ кор мекунанд. Мутаассифона, хурофот дар тамоми динҳо ҳаст. Яҳудии хурофотӣ бадтар аз зардуштии хурофотист, зардуштии хурофотӣ бошад, бадтар аз мусалмони хурофотзада, исломи хурофотӣ бадтар аз насронӣ ва насронӣ бадтар аз буддоии хурофотзада мебошад. Мақсад аз хурофот ғулом кардани мардум аст. Агар ин тавр набуд, 1400 сол аст, ки эрониён барои ҷанги дигарон дар Карбало худро намезаданд. Онҳо ба ин хурофот чунон дода шудаанд, ки аз худзанӣ лаззат мебаранд. Олимони муосир худзаниро имрӯз беморӣ унвон кардаанд, ки Masochism-Мазохизм ном дорад.
-Тасаввур кунед, ки ҷомеа комилан бедин бошад. Оё имкони будани чунин як ҷомеа мавҷуд аст?
-Дин идеология аст, метавонад бошад ё набошад. Дар ҳукумати шӯравӣ дин набуд, аммо ҳукумати муқтадире бо идеологияи дигар буд. Вале гоҳо эътиқоди ғайридинӣ метавонад сад маротиба аз эътиқоди динӣ бадтар бошад. Албатта, ҷомеа наметавонад беэътиқод бошад, аммо роҳат метавонад бе дин бошад. Дар чунин ҷомеа илм рушд мекунад ва нодонӣ аз байн меравад.
-Дар ҷаҳони Ғарб имрӯз илм ба қуллаи баланд расидааст, аммо тавре мушоҳида мекунем, мардум ба дини ислом мегараванд. Сабаб чист?
-Ба он сурат ва суръате, ки ин далел тарғиб мешавад ва шумо бовар мекунед, нест. Дар Аврупо ҳеҷ гуна раванди гароиши саросарӣ ба ислом нест. Ҳамон қадаре ба ислом мегараванд, ба насорову буддоӣ ё динҳои дигар низ мегараванд. Ин як раванди маъмулист. Фақат ҷамоати охунд дастгоҳи хубӣ таблиғотӣ дорад ва чунин фазое ба вуҷуд овардааст, ки гӯй рӯзе садҳо нафар мусалмон мешуда бошанд. Чаро дар бораи онҳое ҳарф намезананд, ки ҳамарӯза аз дини ислом берун мешаванд. Барои мисол, аз 10 млн. эроние, ки фирор кардааст, 90 дарсадашон аз ислом баргаштаанд.
Сомониёнро ҳанӯз нашинохтаем
-Шумо дар ҳамоиши “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то ба имрӯз”, ки бо ширкати Президенти кишвари мо доир шуд, ширкат ва суханронӣ кардед. Натиҷаи ин ҳамоиш таъсиси Донишгоҳи Куруш ва Маркази сомониёншиносӣ дар Душанбе аст. Таъсиси ин марокизи илмӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон чӣ таъсире мерасонад?
-Барои коҳиши хурофот ва босаводу худогоҳ шудани мардуми Тоҷикистон ин марокиз бисёр муҳим мебошанд. Ман мебинам, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои бузургдошти Куруши Бузург ё Куруши Кабир корҳои шоистае кардааст. Ҳатто “Порки Куруши Кабир” бунёд шудааст. Вале шакли дурусти номи боғ бояд “Пардези Куруш” бошад. Вожаи “Рaradise – Биҳишт”-и инглисӣ ҳам аз ҳамин калимаи мост. Умед дорам, ки Донишгоҳи Куруш ҳар чӣ зудтар дарҳои худро дар Тоҷикистон боз кунад ва муътақидам, ки он муваффақ хоҳад шуд. Зеро роҳбари он, дӯсти ман Ҳомер Абрамиён марди кӯшову донишманде аст. Кӯшишҳои Ҳомер бо заковати Пешвои миллат якҷоя шуда, иншооллоҳ Донишгоҳи ба талаботи ҷаҳон ҷавобгӯ ба вуҷуд хоҳад омад. Вале ман мехоҳам каме муфассал дар бораи Сомониён ҳарф занам. Мутаассифона, мо ҳанӯз рисолати Сомониёнро дар таърих нашинохтаем. Сомониён дар саросари Эрони бузург оғозгари таҷаддуд ва озодӣ буданд. Бо омадани ин хонадон озодӣ фароҳам шуд ва пойтахти илм аз Бағдод ба Бухоро омад. Вақте озодӣ ҳаст, Сино пайдо мешавад, Рӯдакӣ ғулғула меафганад. Мо бояд донем, ки маҳз бо ҳузури Сомониён Фирдавсӣ дурахшид ва “Шоҳнома” – шаҳодатномаи мардуми мо ба вуҷуд омад. Коре, ки Амир Исмоили Сомонӣ кард, користон буд. Аммо нодонӣ, таассуб, муллогароӣ ин давлати абарқудратро аз байн бурд. Бо вуҷуди ин кори инҳо то замони муғулҳо идома пайдо кард ва бо омадани Сафавиён фано шуд.
-Бубинед, ҳадафи асосии Сомониён овардани маркази ислом аз Бағдод ба Бухоро буд ва онҳо ба ин ҳадафи хеш ноил шуданд. Яъне, он ҳукумат ҳам исломӣ буд, вале ин чиз монеи рушди илму адабиёт нашуд. Сабаб дар чист?
-Ман бо шумо мувофиқ нестам, ки ҳадафи олии онҳо овардани маркази ислом бошад. Албатта, яке аз ҳадафҳояшон буд, аммо онҳо бештар илмро оварданд. Сомониён ақвоми ориёӣ ҳастанд ва дониши Сосониёнро ба ирс бурда, идомадиҳандаи кори Абӯҳанифа буданд. Яъне, дурӯғ намегуфтанд, ба фиреби рӯҳониёни бесавод бовар намекарданд. Онҳо дар ботин аз арабҳо пайравӣ намекарданд, вале бар муқобили халифа ҳам хеста наметавонистанд. Бо парчами хилофат давлатдорӣ мекарданд, вале кори худашонро давом медоданд.
Вале, дар охир як иштибоҳашон, ки туркҳои бадавиро оварда, барояшон қудрат доданд, сарашонро хӯрд. Албатта, Сомониён демократия мехостанд, вале барои ин ҷониби дигар ҳам бояд демократ бошад.
Сабаби дигари барҳам хӯрдани Сомониён хурофот буд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Халифаи Бағдод худашро ширин карда, қудратро ба даст гирифт ва мардумро аз паяш бурд…
Феълан дар Душанбе Маркази илмии Сомониёншиносӣ ба вуҷуд меояд ва ман умед дорам, ки Сомониён, андешаи ин хонадон ва нақши инҳо дар сарнавишти мардуми ориёӣ ба таври возеҳ таҳқиқ хоҳад шуд.
-Шумо дар мавриди Имом Абӯҳанифа ҳарф зада, ӯро таҷаддудгар номидед. Ин навгароии ӯ дар чӣ ифода меёбад?
-Имом Абӯҳанифа ориёӣ буд. Ӯ ба масоили дини ислом аз нигоҳи ақл ва илм муносибат мекард, на фонотизим. Абӯҳанифа ҷанбаҳои зебоии исломро тарғиб мекард ва гуфтаҳои ӯ монанди дигарон нест.
Ӯ ҳатто мегӯяд, ки шаробро ҷӯшонед ва барои шифо бинӯшед. Ин ҳарф ҷолиб аст, зеро вақте шаробро меҷӯшонед, алкулаш бухор мешавад, вале хосияти шифоии ӯ боқӣ мемонад. Яъне, ӯ олим буд. Ё ҳадисҳои Паёмбарро Абӯҳанифа ҳамагӣ 17 -то гуфтааст. Имрӯз муллоҳо 100 ҳазор ҳадисро ба номи Паёмбар сабт кардаанд. Агар имрӯз Паёмбари ислом зинда шавад, аввал ҳамин охундҳоро мекушад, зеро инҳо ҳама ҳамоқати ба нафъи худашонро ба номи ӯ сабт карданд.
Ҳол он ки Паёмбар мегӯяд: “ано башару-м-мислукум” – ман монанди ҳамаи шумо ҳастам. Чаро ин ҳарфи Паёмбарро гӯш намекунему муллоро бовар дорем? Ё Паёмбар мегӯяд, ки “як соат фикр кардан, бартар аз 1000 сол ибодат аст”. Вақте одам фикр мекунад, ҳақиқатро дармеёбад. Вале диндорони мо чӣ кор мекунанд?
Ё ин ки:
Тавофи каъбаи дил кун, ки каъба як санг аст,
Ки он халил бино карду ин худои халил.
Чаро мо гӯш намекунем? Мутаассифона, мо ҳеҷ гоҳ рӯшанфикронро гӯш накардаем, фақат аз пайи хурофот меравем.
Аврупо то замоне ки гирифтори дин буд, ҳоли бадтар аз моро дошт, аммо вақте динро раҳо карду ба илм гаравид, пеш рафт. Мо бояд биандешем…
Барои озодӣ ҳамаро қурбон кардам
-Шумо нафаре ҳастед, ки дар оилаи суннатии эронӣ таваллуд шудед, полис ва ҳатто сардори пулис будед. Чӣ сабаб шуд, ки ҳамаро раҳо карда, ба Амрико рафтед?
-Вақте Инқилоби исломӣ шуд ва охундҳо бо роҳбарии Оятулло Ҳумайнӣ сари ҳукумат омаданд, талош мекарданд, ки ҳамаро мутеи худ кунанд. Ҳамаи нухбагон ва озодандешонро куштанд, бархе фирор карда, ҷон ба саломат мебурданд.
Ман имкон доштам, ки канори инҳо истам ва дараҷаву хонаву пули зиёд ба даст орам, аммо ин барои ман нанг буд, ки ба охунд хизмат кунам. Бинобар ин, ман заҳмати чандинсола, замину хона ва мошину дигар дороиҳоямро раҳо карда, аз Эрон рафтам.
Он замон аз Эрон наздики 10 млн. нафар хориҷ шуданд ва ҳоло ҳам фирор мекунанд. Эрон давлати дорои захираҳои бузурги нафт аст. Иқтисоддонҳо мегуфтанд, ки агар ягон эронӣ кор ҳам накунад, даромади нафт зиндагашро таъмин менамояд. Аммо имрӯз мардуми Эрон аз гарон шудани нархи нафт ба кӯчаҳо баромада, эътироз мекунанд. Зеро маблағи нефт ба кисаи дигарон меравад. Дар бемористон эронӣ пул надорад, ки табобат гирад ва табиби ҳамватанаш ӯро аз дар берун мекунад…
-Чаро шумо маҳз Амрикоро барои зиндагӣ интихоб кардед?
-Ба он хотир, ки занам дар замони ҳукумати шоҳ роҳхат гирифта, дар Амрико таҳсил мекард. Ман аввал кӯдаконамро фиристодам ва баъдан, худам рафтам. Он замон бисёриҳо гуфтанд, ки азоб мекашӣ…
-Азоб кашидед?
-Бале. Сахтӣ зиёд кашидам. Аз коргари одӣ, то питсофурӯшиву пешхизматиро дар ресторан анҷом додам, дар мошин хобидам… То он замоне, ки худам соҳиби ҳама чиз шудам, соҳиби ресторан ҳам, соҳиби бизнес ҳам.
Адабиёти тоҷик рушд мекунад
-Тӯли як моҳе, ки дар Тоҷикистон будед, бештар шуморо дар ҳалқаи шоирони ҷавон дидам. Оё шеъри ҷавонони тоҷик тозагӣ дорад?
-Хушбахтона. Дар замони шӯравӣ шеъри тоҷик аз сабаби дур мондан аз шеъри Эрону Афғонистон суст шуда буд. Албатта, дар он даврон ҳам шоирони хуб зиёд буданд. Вале ҷавонони тоҷик дар замони истиқлол тавонистанд, ки мутолиа кунанд ва шеъри тоҷикро ба сатҳи ҷаҳони форсизабон бардоранд. Барои мисол, ман аз шеъри Бузургмеҳри Баҳодур, шоири ҷавон хушам меояд. “Соати модари ман Хуршед аст” ном шеъри ӯро дар Амрико нашр кардам. Ин сафар ҳам ӯ бароям шеърҳояшро хонд. Хушбахтона, ӯ рушд мекунад, шеъраш пухтаву суфта мешавад. Дар ин сафар бо Иброҳимҷон Дӯстализода ном шоири ҷавони дигар вохӯрдам, ки хуб шеър мегӯяд:
Биё зи равзанаи ишқ як нигоҳ кунем,
Назар ба зиндагӣ бо чашми некхоҳ кунем.
Ҳаёт кӯтаҳу фурсат камасту роҳ дароз,
Зи тангно бибароему азми роҳ кунем.
Аз ин ғазали ӯ, ки ғаррост, хушам омад.
-Дар замони муосир, дар даврони рушди технология оё шеър зарур аст?
-Як шабонарӯз 24 соат аст. Мо 8 соат маҷбур ҳастем, ки кор кунем, 8 соат бихобем ва 8 соати дигарро барои худ истифода намоем. Дӯст доштани ҳунар дар вуҷуди ҳар инсон ҳаст. Шеър ҳам ҳунар аст ва барои онҳое, ки озодии фикр доранд, равона шудааст. Хиёбон бароед, гул набошад, хонаи зебо набошад, зани хушгилу марди хушандом набошад, магар ҷолиб аст? Шеър ҳам барои қонеъ кардани ниёзҳои маънавии инсон зарур аст. Албатта, шахсе метавонад, ба шеър таваҷҷуҳ надошта бошад, ӯ рассомиро меписандад ё садои велиончелро…
-Шеър касб аст?
-Дар замони пеш, касб буд. Шоир дар дарбори шоҳ хизмат мекарду рӯзӣ меёфт, ғайр аз Фирдавсӣ, ки азамате дошт, то зери бори касе набошад. Ин замон ин тур нест, ки пеши касе шеър хонӣ, баҳ-баҳ гӯяд ва аз сарат тилло резад. Бинобар ин, шеър hobby-шуғли дӯстдошта шуд. Мо ҳам дар вақтҳои озодӣ китоб мехондем, ба хизмати бузургон мерафтем ва ҳамин тур шеър мегуфтем.
-Шеър барои шумо нон додааст?
-Не, ман ҳеҷ гоҳ диноре барои шеър аз ҷое нагирифтаам. Шеърҳои маро бонуфузтарин маҷаллаҳо нашр кардаву Дорюш, Сиёвуши Қумайшӣ, Носир Сабурӣ, Марям Ҷалолӣ ва чандин нафарони дигар месароянд.
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ