Масъуди Сипанд Тоҷикистонро ҳам гирёнд

Сад дареғ, ки дар рўзҳои охирини зимистон ва бозомадани пайки фаррухи баҳор дили шоир ва донишманди муқими Амрико, дўст ва ошиқи Тоҷикистон Масъуди Сипанд дар синни 79-солагӣ аз тапидан бозмонд. Акнун дилаш дар шеър метапад ва хунаш дар раги вожаҳо ҷорист.

Ёди ёри меҳрубон

Масъуди Сипанд соли 1322 (1943) дар Сарбешаи Берҷанд зода шудааст. Дар Машҳад ба воя расидааст. Баъд аз дабиристон ба донишгоҳи афсарӣ меравад ва ба гирифтани маълумоти олии низомӣ муваффақ мегардад. Солҳо дар идораи пулиси Эрон фаъолият дошт. Охирин шуғли ӯ бо дараҷаи афсари идораи огоҳии шаҳрдорӣ будааст.

Бо тағйири қудрат дар Эрон ба Амрико ҳиҷрат кард ва то охири умр дар Калифорниё иқомат дошт.

Ашъораш аз айёми ҷавонӣ дар рӯзномаҳо ба чоп мерасид. Дарси адабиётро аз бузургтарин шоирони Эрон гирифтааст, ки бо онҳо дар Теҳрон ва берун аз Эрон иртиботи қавӣ дошт. Ашъораш дар маҷмӯаҳои “Пол-пол”, “Мадади ишқ”, “Ёди ёри меҳрубон” (сафарномаи Тоҷикистон) ба нашр расидааст.

Масъуди Сипанд қариб аз оғози соҳибистиқлолї, бо шарофати академик Муҳаммад Осимӣ бо Тоҷикистон риштаи унс пайваст ва то замоне, ки риштаи умраш гусаст, ин риштаро наканд. Дар муддати кўтоҳ ӯро дар Тоҷикистон ҳамчун шоир ва хирадварз шинохтанд. Матолибу ашъораш борҳо дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор ёфтанд. Бавижа, шеъри «Ман ориёиям!», ки соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалї Раҳмон эҷод шудааст, ба муаллиф шуҳрати ҳамагонї овард. Ин шеъри дилрабо ва ҳувиятангезро бори нахуст овозхони маъруф Марям Ҷалолї бо оҳанг ва садои мутантан суруд ва он зуд ба дилҳо нишаст. Минбаъд ин таронаро дар Тоҷикистон низ чанд сарояндаи дигар, аз ҷумла овозхони шинохта Хуҷастаи Мирзовалї бозхонї кард.

Агар ба матни шеъри мазкур низ як назари иҷмолї сурат гирад, ба ҷуз аз маъниҳои баланди таърихиву асотирї, ҳамчунин шеърияти баланди онро низ дарк хоҳем кард. Бубинед ин вожаву ибораҳои таркиби онро: «аз насли офтоб», «аз шаҳди моҳтоб», “оини меҳрро аз чашми чашмаҳои сафобахш хондан”, «ба чорсўи сина ҷор задани хуршед нурро», “дар ашк мавҷ задани шафақ”. Имрўз аз маъруфтарин сурудаҳои даҳ соли охир бешак, ҳамин шеър аст.

Ба баъзе аз шеърҳои Сипанд сарояндагони маъруфи форсизабон, ба мисли Дорюш, Сиёвуш, Носир, Гетї, Марям Ҷалолї оҳангҳои марғуб баставу сурудаанд.

Тоҷикон ва Тоҷикистон дар осори Сипанд

Масъуди Сипанд дар оини «Меҳр» (митроизм) пажуҳиши густарда бурдааст, ки бахше аз он дар китоби «Эрони бостон ва шинохти Авесто» ба чоп расидааст. Аз ин хотир, дар ашъори ў низ мавзўи меҳрпарастї, ориёпарварї ва ситоиши Эронвич ба авҷи аъло мерасад.

Аввалин маҷмуи ашъори ў бо номи «Мадади ишқ» соли 2006 дар Тоҷикистон бо хати кириллї нашр шуда бошад ҳам, аммо аз сабаби теъдоди ками китоб муштоқони шеърро шодоб карда натавонист. Маҳз шабакаҳои иҷтимої сабаб шудаву хонандагони тоҷик бо ашъори Сипанд ошноии амиқтар пайдо карданд. Дар чанд соли охир дар ДМТ ба донишҷўён дарси вижаи ҳофизшиносї мегузашт. Ин ҳам як омили ошноии шоир бо ҷомеаи адабии кишвар гардид. Бавижа сафарҳояш ба Хуҷанду Мастчоҳ, Кўлобу Бохтар, Панҷакенту Ҳисор ва оростани маҳфилҳои сипандї маҳбубияти ўро афзуд.

Ў на танҳо дар ин шеъру осори илмї, балки дар чандин мусоҳибаҳои худ тоҷикон ва Тоҷикистонро сутудааст, аммо дар шеърҳо камоли самимияташ ба ин кишвар намоён аст. Аз ҷумла, ба ин сарвода бингаред, ки табиат, куҳсору дарраҳо ва мардуми кишвари моро бо меҳру ихлос васф карда, куҳҳои моро машғули дуо дармеёбад:

Эй Тоҷикистон, Куҳҳоят ҳама дастони сапед,

Сар бароварда ба офоқи баланд,

Ба дуо машғуланд.

Ба куҳсорон бо ин дид назар афкандан аз доираи нозук ва фарогири мушоҳидаи шоир дарак медиҳад.

Дар шеъри дигар миллати моро ба кабўтар, яъне рамзи ишқу отифа ва сулҳ шабоҳат дода, аммо таъкид меварзад, ки ин кабўтар кори уқоб медонад:

Дар осмони муҳаббат баландпарвоз аст,

Кабўтарест, ки кори уқоб медонад.

Масъуди Сипанд шояд аз камшумортарин равшанфикрони қаламрави Ориё буд, ки пайвандҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эронро аз аъмоқи таърих меҷуст, ба бедории ҳофизаи таърихї мехонд, марзҳои имрўзро намешинохт ва машъали дирўзро меафрўхт.

Офтоб ва Сипанд

Меҳроби ман ибодати хуршед мекунад,

Фориғ зи ному нанг мусулмониям бубин.

Чи тавре ки дар боло ишорае рафт, Офтоб ҳамеша дар меҳвари афкору осори ў мечархид. Яке аз чунин чакомаҳои дилангезаш ин аст:

Ҳар субҳ офтоб маро маст мекунад,

Хуршед беҳисоб маро маст мекунад.

Овози як паранда маро мебарад ба авҷ,

Парвози як уқоб маро маст мекунад.

Аз накҳати гул, аз бўи васл, аз шароб, аз бўи ёр… маст шудани шоиронро дидаем, аммо ҳар бомдод аз офтоб маст шудан хоси Сипанд аст. Бо овози як паранда ба авҷ расидан ва аз парвози як уқоб махмур будан низ аз назокатҳои ин ғазал аст.

Ҳама падидаи табиат, гирумони руҳонї ва саргармиҳои умри фониро шоирона ба Офтоб пайванд медиҳад ва на як бору ду бор, балки бешумор. Овардани ҳамаи намунаҳо берун аз имкон аст, аз ин рў ба таври муъҷаз ишора мешавад.

Масъуди Сипанд бо Хуршед ин тур қаробатҳо дорад: «Дилам гирифта аз ин зулмат, офтоб куҷост?», «Хонаам офтоб мехоҳад». Ҳатто дар шеъри «Чї балое ба сари боғ омад?», ки аслан саршор аз талху шириниҳои сарнавишти шоир аст, Хуршедро дар қаҳр меёбад:

Қаҳр карда хуршед, Лаҷан обишхӯри бед.

Дар ғазали «Хуршедсаворон» ин ду байтро мехонем:

Аз бодаи хуршед нанўшида шаробе,

Ашке зада бо нам-нами борон ҳама рафтанд.

Кас нест, бигирад ба Ватан дасти касеро,

Афсўс, ки хуршедсаворон ҳама рафтанд.

Ва воқеият ин аст, ки яке аз ҳамон хуршедсаворон бешак, худи Сипанд аст. Ин ҷо ишораи нозуке ба муҳоҷирати ў аз Эрони азизаш ба Амрикост. Соли 1980 бо тақозои вазъи ҳассоси сиёсї ва фишору таъқиб ў маҷбур шуд, то Меҳани хунинофрехтаашро тарк гўяд. Ҳатто дар шеъри дигар ба Мағриб кўч бастанашро низ чунин ба тасвир меорад:

Чун офтоб агарчи зи Машриқ дамидаем,

Дар сарзамини ғайр ба Мағриб расидаем.

Дар нигоҳи ў «шаби дайҷури дурафтодагон обистани хуршеди тобон аст», «чашмаи офтоб меҷўшад» ва шоир «лаб мениҳад ба чашмаи хуршед», мастони бодапаймо аз шаробу гулоб фориғ «ба ашки шодмонї офтобро андар қадаҳ мерезанд» ва дар ин моварои мастонагиҳо Сипанд фарёд мезанад:

Ману як дашт саросар ҳама шўр,

Ману як силсила уммеду навид.

Ману эҳсоси ҳазорон фарёд,

Ману парвоз ба сўи хуршед.

Ин ҳама шўру фиғон бесабаб нест, зеро шоир навмед нест, як силсила умеду навид дорад, ки:

Метаровад моҳтоб аз чашмаи имрўзи шеър,

Медамад хуршед аз фардои шеъри порсї.

Ошиқонаҳои шоир хати буриши худро офтоб қарор додаанд ва воқеан ҳам, ин падидаи табиат ва ин муқаддасоти оини митрої маҳаку меҳвари ашъори Сипанд аст.

Муборизаи якумра бо Аҳриман

Тасвири (образи) аҳриман, ки дар асотири мо аз аввалин рамзҳои неруҳои бадї, муассиси зиштиҳо шинохта мешавад, дар ашъори Масъуди Сипанд низ истифодаи фаровон дорад. Вақте дар бахшҳои гуногуни шеър ин тасвир зуҳур мекунад, ба равшанї мебинем, ки шоир мисли аксарият аз аҳриман наменолад, танҳо бо бор кардани гуноҳ бар дўш қонеъ намешавад, балки худаш мисли як сарбози ҷодаи ҳақиқат ва некї, мисли саркардаи лашкари Аҳуро бар Аҳриман метозад ва пардаҳои зулматро медарад:

Суруди меҳрубониҳост дар оини ў ҷорї,

Аҳурое, ки меҷангад ба ҷон бо аҳриман, ин ҷост.

Ё худ дар ин байт:

Бирав зи хонам, ай  зиштхўй аҳриман,

Ки сарзамини аҳуро на ҷои шайтон аст.

Ў мебинад, ки дар кишвараш “Дар намоз истода аҳриман, Деву шайтон ниҳода сар ба суҷуд”. Аммо боз ҳам ҳамон умед ва бовар ба фардост, ки шоирро дар майдони набард нигоҳ медорад. Аз ин рў, суруди пирўзї месарояд ва хушбин аст, ки рўзе ин тарона ба кўчаҳо мепечад ва он гоҳ баҳор падидор хоҳад шуд:

Аҳримане, ки чанг фурўбурда дар танат,

Бо ҳиммати аҳур нагунсор мешавад.

Вақте суруди меҳри ту  печад ба кўчаҳо,

Он гаҳ баҳор бо ту падидор мешавад.

Аз ин бештар гуфтан мумкин аст, аммо бешубҳа шеъри бисёр волои “Хитоб ба аҳриман” ҳадафи пайкори гўяндаро ифодагар аст. Ин шеъри каме тўлонї бо мисраи “Аҳриман, нангат бод!” оғоз шуда, саросар сарнавишт ва мақсадҳои дар пеш гузоштаи Сипандро ба мо нақл мекунад. Мебинем, ки Сипанд барои як умр роҳи мубориза бо қувваҳои бадиро интихоб кардааст ва дар ин роҳ ҷон доданашро ҳам медонад.

Аҳриман, нангат бод!

Шайхи бечора чи бетадбирӣ,

Бо ҳама халқи ҷаҳон даргирїӣ,

Ҷони ширини ҷавон мегирӣ,

Мезанӣ теша ба фарқи Фарҳод.

Аҳриман, нангат бод!

Ў дар хитоб ба аҳриман мегўяд: эй шайёд, ин ҳаяҷон мебинї? Хезиши насли ҷавон мебинї? Наъраи шерзанон мебинї? Муътақид аст ва имон дорад, ки аз пир то ҷавон ва ҳатто шерзанон низ як рўз ба дод меоянд, тиру туфанги худро ба сўи аҳриман мерезанд ва Меҳанро аз дасти сиёҳи Даҷҷол мераҳонанд:

Гўш кун, гўш, садо мепечад,

Ин садо дар ҳама ҷо мепечад,

Меравад пойи Худо мепечад,

Духтари миллати Эрон ҷон дод.

Аҳриман, нангат бод!

Аҳриман, қалби сиёҳе дорӣ,

Нафратангез нигоҳе дорӣ,

Одамихор сипоҳе дорӣ,

Дер ё зуд диҳандат барбод.

Аҳриман, нангат бод!

Сафари охирин

Масъуди Сипанд Тоҷикистонро Ватани худ хонда буд. Дар мусоҳибаҳояш батакрор мегуфт: “Тоҷикистон Ватани ман ҳам ҳаст ва муаррифии онро вазифаи худ медонам. Умедворам, ки ҳарчи зудтар шаҳрвандии онро бигирам”.

Сипанд бори охир бо даъвати расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз» даъват шуда буд, ки аз 21 то 23-юми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе гузашт. Ин ҷо бори дигар ба суҳбат ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалї Раҳмон мушарраф шуда, як ғазал-қасидаи хубе қироат кард, ки чанд байташ ин аст:

Ман сарзамини ориёро дўст дорам,

Хоки дилангези Худоро дўст  дорам.

Ин шаҳрҳо, ин кўчаҳо, ин хонаҳоро,

Ин мардумони бериёро дўст дорам.

Шеъри Камолу осмони  Сирдарё —

Ман ин Хуҷанди бебаҳоро дўст дорам.

Боди сабо бўи хуши Кўлоб дорад,

Бисёр ман боди саборо дўст дорам.

Меҳанпарастӣ шеваи озодагон аст,

Озодагї дар ҳар куҷоро дўст дорам.

Дар ҷашни худфармонию давлатмадорӣ,

Ман Пешво, ман Пешво, ман Пешворо дўст дорам.

Вақте ин чакома қироат шуд, Пешвои миллат бори дигар муаллифи шеъри «Ман ориёиям!» будани Масъуди Сипандро таъкид карда, ба ў офарин хонданд. Баъди симпозиум як муддат дар Тоҷикистон монда, ба таҳияву тадвини китоби наваш «Ман ориёиям!» саргарм гардид.

Ҳамин тавр, бо кўшиши дўстони адабпажуҳу шеърдўсти тоҷикистонии шоир Ҳусниддин Ғафурї, Одил Нозир ва Бузургмеҳри Баҳодур китоб чоп шуд. Дар он ба ҷуз аз ашъор, инчунин мусоҳибаҳо бо Масъуди Сипанд ва мақолаҳо доир ба шахсият ва эҷодиёти ӯ аз матбуоти тоҷик ҷамъ омадаанд, ки судманд аст. Аммо сад дареғ, ки шоир ба орзуи деринаш — баргузории маҳфили шеъру суруд ва рўнамоии китоби наваш дар кишвари мо нарасид ва ин ормонро бо худ ба хок бурд.

Нусхаҳои муҷаллои китоби тозанашри «Ман ориёиям» акнун барои ҳамеша дар Тоҷикистон — Ватани дувуми ў чашминтизори муаллифаш хоҳанд монд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

Одил НОЗИР

АЗ ИДОРА:

Масъуди Сипанд солҳои зиёд узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” буд. Бо аҳли эҷоди он робитаи зич дошт ва нигоштаҳои меҳрбораш доир ба тоҷикон ва Тоҷикистон дар саҳифаҳои рӯзнома нашр мегардиданд. Намунаи беҳтарин шеърҳои шоирони тоҷикро, ки дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” нашр мешуданд, тариқи ҳамкорони мо дастрас ва дар маҷаллаи “Ҷавонон”, ки бо забони форсӣ дар Амрико бо теъдоди зиёд ба табъ мерасад, чоп ва ба ин васила барои тарғиби адибони тоҷик хизмат мекард. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” фавти Масъуди Сипандро талафоти калон барои фарҳангу адаби форсизабон арзёбӣ мекунанд. Ёдаш гиромӣ бод! 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *