Масъули Хадамоти алоқа: Интернет дар Тоҷикистон 100% аст
Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки агар мардум фарҳанги истифодаи интернетро омӯзанд, суръати он дар кишвар беҳтар мешавад.
“Мардуми мо нозук шудаанд. Онҳо мехоҳанд тугмаро пахш накарда, интернет ба онҳо ҷавоб диҳад. Мо фарҳанги истифодаи интернетро надорем, ин пӯшида нест. Мисол, ман тавассути автобус мераваму меоям. Мушоҳида кардам, ки духтарчаҳо “Тик-ток” тамошо мекунанд. Онҳо мафкураашон инро намебардорад, ки интернет барои ҳалли мушкилиҳо аст. Мо бояд интернетро дар ҷойҳои зарурӣ истифода барем”,– гуфт Шарифҷон Шокирзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқа.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа гуфтанд, ки боло рафтани нархи арзиши тарофаҳои интернет бо сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст.
Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи апрели соли 2024 Тоҷикистон байни 144 кишвари саросари дунё зинаи 140-ум ва аз рӯи нархи интернет зинаи 142-юмро ишғол мекунад.
Аммо дар нишасти матбуотии Хадамот зикр шуд, ки дар Тоҷикистон хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет 100% аст.
“Ширкатҳои хориҷӣ як чизро ба инобат нагирифтаанд. Дар Тоҷикистон 10 миллиону 700 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Онҳо инро ба назар мегиранд. Вале аз 10 миллион беш 1 млн инстифодабаранда кӯдакони аз 1 то 5 — сола ҳастанд. Ин ширкатҳо инро дар давлатҳои худ ба назар мегиранд, вале аз моро не. Дар асоси ҳамин ҳозир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 86% истифодабарандагони алоқа ҳаст. Мо агар ҳамаро ба назар гирем, Тоҷикистон 100% бо интернету алоқа таъмин аст”,- гуфт ин мақомдори Хадамоти алоқа.
Ҳоло бино ба маълумоти оморӣ шумораи истифодабарандаҳои Интернет дар Тоҷикистон 4,8 млн нафар ва муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ ба 6,7 млн нафар расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ