Матлуба Шоҳалӣ –Узбекистон
Подзаҳр
Заҳри ғам натвонадам аз по фиканд,
Подзаҳрӣ то ки аз умед ҳаст.
То ки аз хуршед нуре меҷаҳад,
Ҳеҷ кас бо тирагӣ паймон набаст.
***
Беном
Дар ин саҳро, ки мебинӣ,
Сад ҳазор лола,
Доғ бар дӯш гум шуд.
Дар саропардаи ин доғҳо,
Пар-пар шуда,
Бо нолаи хамӯш гум шуд.
***
Мард
Ба рӯям риштаи гуноҳатро,
Сӯзани миҷгонат медӯзад.
Бар тани афсурдаам лабат,
Оби ҳаёт мерезад.
***
Риштаи марҷон
Ман нагӯям, ки баргард ба манзилам,
Эй ёри рафта!
Танҳо субҳгоҳон бархезу бингар ба сӯи боғам,
То бо панҷаи насими бомдодӣ,
Донаҳои савоби ибодатамро,
Бар хаданги миҷгонҳоят бичинам.
Ва барои ҳар ду дунёи ту,
Риштаи марҷон кунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ