Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанги Тоҷикистон

Матлубахон Сатториён, ки то имрӯз дар вазифаи муовини сарвазири кишвар фаъолият мекард, Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Зулфия Давлатзодаро иваз кард.

Як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба pressa.tj хабар дод, ки субҳи имрӯз муаррифии Матлубахон Сатториён бо ширкати Асадулло Раҳмон дар Вазорат баргузор шуд. Ин субҳ қарор буд, ки нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шавад.

Зиндагиномаи Матлубахон Сатториён:
Номбурда 19 сентябри 1972, ноҳияи Ғафуров таваллуд шудааст.
Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М.Кировро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Ӯ фаъолияташро соли 1993 оғоз намуда, ҳамчун муаллима, сармуаллима, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик, сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст. Соли 2004 дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикографияи форсӣ-тоҷикии нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои садаи 20: (Дар асоси маводи Фарҳанги Низом)» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст.
Солҳои 2008-2011- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд буд. Солҳои 2011-2014 — Раиси шаҳри Истиқлол ва баъдан раиси шаҳри Гулистон буд.
15 декабри соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Суғд таъйин шуд.
Аз 3 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *