Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ чӣ ваъда дода буд?
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25-уми феврал аз Тоҷикистон дидан мекунад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов хабар дод.
«Рӯзҳои 24-25-уми феврал раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко як қатор мулоқот баргузор мекунад: бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода»,- гуфт ӯ.
Ҳадафи сафари раиси Шӯрои Федератсияи Русия таҳкими ҳамкориҳои парлумонии кишварҳост. «Дар назар аст, ки Матвиенко дар ҳамоиши байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои ду кишвар ширкат варзад ва ҳамчунин аз сохтмонҳои шаҳри Душанбе, ки яке аз панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад, боздид кунад”,- қайд кард сафири Русия.
Мулоқоти қаблии раиси парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко тирамоҳи соли 2020 дар Маскав баргузор шуда буд. Маҳз ҳамон вақт Рустами Эмомалӣ Матвиенкоро барои боздиди ҷавобӣ ба ҷумҳурӣ даъват кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ