Мавқеъ: Пояи давлат набошад бе маориф устувор!
Аз кор ба хона баргаштам. Пас аз чанд лаҳзаи истироҳат духтарчаам Тайиба, ки дар синфи 2-юм мехонад, китобу дафтарашро ба наздам, барои дарстайёркунӣ овард. Баъд аз иҷрои пурраи супоришҳои мактабӣ ва хониши бадеӣ аз ман пурсид:
— Дада, дирӯз мо бо муаллима ба театр рафтем. Намоиш хеле писанд омад. Боз мехоҳам, ки равам.
— Офарин!
— Як чиро нафаҳмидам,- гуфта, дафтарашро ба ман дароз кард, ки дар он чунин навишта шудааст: “Пояи давлат набошад бе маориф устувор!”.
— Дуруст навиштаӣ. Акнун пайи аз худ кардани луғатҳои англисӣ шав,- гуфтаму дафтарро дароз кардам.
Аммо нигоҳ кардам, ки каме ба фикр фурӯ рафта, мехоҳад маънои ин навиштаро донад.
Аз Тайиба пурсидам, ки инро дар куҷо хондаву навиштааст?
— Вақте ки ба театр мерафтем, назарам ба ин ҷумла афтод. Маънояшро нафаҳмидам. Барои ҳамин навиштам, ки аз шумо пурсам.
Ба ӯ бо забони сода фаҳмонидам: доштани одобу ахлоқи намунавӣ, эҳтироми калонсолон вазифаи мост. Дар мактаб ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд баланд гап занем. Ҳамеша ба дарсҳои мактаб омода будан лозим аст. Яъне мактаб макони дониш ва тарбия аст. Мактаб барои инсони комил шудани мо нақш дорад. Кӯшиш намоем, ки бо забони адабӣ ҳарф занем…
Ӯ хеле бодиққат ин суханонро гӯш мекард. Ва чун шарҳамро тамом кардам, маро саволборон кард:
— Барои чӣ дар мактаб баъзе хонандагон бо муаллим гуфтори дуруст надоранду ба ҷойи “шумо”, “ту” мегӯянд? Боз дар кӯча бачаҳо ҳамдигарро дашном медиҳанд, бо ҳам занозанӣ мекунанд. Шумо мегӯед, ки бо забони адабӣ гап занем. Лекин дигарҳо бо лаҳҷа ҳарф мезананд-ку!…
Баъди саволҳои духтарам ба андеша рафтам. Воқеан, чаро ҷомеаи мо гирифтори чунин буҳрони ахлоқӣ шудааст?
Банда ҳамарӯза барои расидан ба коргоҳ аз назди Боғи наврасони Душанбе, ки дар шафати варзишгоҳи “Спартак” ҷойгир аст, мегузарам. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ низ дар ҳамин боғ қадам мезанам. Чун дар атрофи ин боғ чандин муассисаи таълимӣ ва курсҳои омӯзишӣ ҳаст, ин боғ аз субҳ то шом пур аз наврасон аст. Мушоҳида мекунам, ки онҳо чӣ гуна ба ҳамдигар муносибат мекунанд. Аз даҳонашон бӯйи шир меояд, вале чунон суханҳои қабеҳ мегӯянд, ки гӯши одам кар мешавад. Рафтору гуфтор ва тарзи муносибати духтарҳои мактабхон, ба қавле духтарбачаҳо бошад, маро мушавваш мекунад. Зеро ман ҳам ду духтар дорам ва метарсам, ки оянда онҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеа мешаванд. Бовар кунед, сигор кашидани бачаҳои 13-14-соларо қаблан дида будам, вале сигоркашии духтарҳоро чӣ мегӯед?!
Чаро ҷомеаи мо чунин шуд? Оянда чӣ мешавад?
Ба худ меандешам, ки сабаби бетарбия шудани наврасони мо коста шудани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аст.
Мо ҳам замоне дар мактаби миёна мехондем. Вақте ки муаллимро дар кӯча ё дигар ҷодаҳо медидем, аз тарс мегурехтем. Агар мабодо рӯ ба рӯ шавем ҳам, ҳатман ду даст пеши бар ва муаддабона “ассалом” гуфта, канор мегузаштем. Аммо имрӯз чӣ? Хонанда муаллимро дар кӯча бинад, чӣ тавр муносибат мекунад?
Дар гузашта муаллимон сахтгир буданд. Хонандагони ахлоқашон каме коста ё бадрафторро мезаданд. На бо мушту лагад, балки бо шаппотӣ, то ин ки алови чашмашонро гиранд. Ё дар синф ба хонанда курсиеро медоданд ва то занги дарс тақрибан 30-40 дақиқа бардошта меистод. Ба назарам, ин бад набуд, баръакс ба дигарон намуна ва ба чунин хонанда дарси ахлоқ мешуд. Ёд дорам, ба чунин шеваи кори муаллимон дар гузашта ҳеҷ падару модаре эрод намегирифт, ба сари онҳо ҷангҷол бардоштан намерафт. “Гӯшташ аз шумо, устухонаш аз мо” мегуфтанд волидайни мо. “Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар” буд насиҳати онҳо.
Ҳоло чӣ? Муаллим метарсад, ки ба хонанда гапи андаке сахт гӯяд, ё худое накарда даст бардорад. Зеро медонад, ки падар ё модараш пагоҳ ба сари ӯ барои ҷангҷолу хархаша меояд. Ва агар ба мақомот муроҷиат кунанд, аз кор ҳам меронандаш.
Агар мабодо муаллим ба сари хонанда андаке сахт гап занад, метарсад, ки ӯро бо телефон ба навор мегиранд ва дар ҳама ҷо паҳн мекунанд…
Чунин шудааст, ки падару модари муосир худаш аз уҳдаи тарбияву таълими фарзандаш намебарояд, илова бар ин, монеъ мешавад, ки мактаб ин корро кунад. Ҳамин аст, ки наврасони мо дар буҳрони ахлоқӣ дармондаанд. Гумон мекунам, ҳанӯз ҳам дер нест. Чорае бояд андешид, ки фардо дер мешавад… Дар ин бора шумо чӣ назар доред?
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ