Мавлуди Исо ё Мавлуди Митра ва ё чӣ тавр арчаи солинавӣ моли тоҷикон аст?
Дар муқоиса ба Соли нави мелодӣ, ки ба зиндагии тоҷикон замони шӯравӣ ворид гардид, Мавлуди Масеҳ, ки ӯро ҳамчун паёмбар гиромӣ медоранд, бо фарҳанги тоҷикон иртиботи таърихӣ дорад.
Тавре медонем, соли нави асосии мо ҷашни Наврӯз аст, ки ба баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Азбаски аҷдодони мо аз тақвими офтобӣ истифода мебурданд, идҳои мавсимии мо ба Офтоб алоқамандӣ доштанд. Ҷашни Сада марбут ба зимистон буд, Наврўз — иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта мешуд. Тиргон бошад, ҷашни тобистона буд.
Дар тӯлонитарин шаби сол, дар зимистон, ниёгони мо таваллуди худои офтобро, ки номаш Митра буд, ҷашн мегирифтанд. Ин идро мардуми эронӣ то ҳол бо номҳои гуногун таҷлил мекунанд. Мо онро “шаби чилла” меномем, гарчанде ки он бештар бо номи “Ялдо” маъруф аст, ки маънояш “Мавлуд” мебошад.
Дар таърихи ниёгони мо қаҳрамони дигаре низ буд, ки Митра ном дошт. Митра яке аз се нафар наҷотдиҳандагони Зардушт буд.
Тибқи ривоятҳо, Митра 25-уми декабри соли 227 пеш аз Исо дар Сакистон — Сиистони имрӯзаи Эрон аз духтаре бо номи Ноҳид таваллуд шудааст. Ноҳиди бокира аз тухми Зардушт, ки дар қаъри кӯли Каянсо нигаҳдорӣ мешуд, ҳомила шудааст ва номи ҳозираи он Ҳомун аст.
Писари Ноҳид бо тақдири азалӣ дини Зардуштро ислоҳ ва аз бидъатҳо пок кард. Митра рисолати худро дар синни 33-солагӣ анҷом дода, ба осмон сууд кард. Оё ривояти мазкур ба шумо чизеро хотиррасон намекунад?
Маҳз бо Митра ва ҷашни таваллуди ӯ Мавлуди масеҳӣ алоқамандӣ дорад. Замоне, ки масеҳият ба ҷои митраизми румӣ дини расмии Империяи Византия гардид, санаи дақиқи таваллуди Исо аллакай фаромӯш шуда буд.
Барои руҳониёни калисои Византия решакан кардани митраизм душвор буд. Аз ин рӯ, аз ноилоҷӣ Митраро бо Исо тавъам намуданд. Азбаски зиндагиву афкори онҳо мувофиқ омад, минбаъд Мавлуди Митра ба Мавлуди Масеҳ табдил ёфт.
Ва ҳаёти паямбари эронӣ Митрос, писари Зардушт, дар ривоятҳои арабу мусулмон дар бораи анбиё ва подшоҳон, ки барои мо бо номи «Қасас-ул-анбиё» маълум аст, нигоҳ дошта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, Исо маслуб нашудааст, балки ба осмон бурда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки таъсири митраизм ба масеҳият метавонад бо расму оинҳо ва рамзҳо маҳдуд шавад, гарчанде ки таъсири хеле ҷиддӣ дошт. Масалан, сарпӯши попҳои католикӣ «митр» номида мешавад, сарпӯши патриархҳои православӣ бо шакл ва шабоҳати тоҷҳои шоҳаншоҳҳои эронӣ сохта шудааст.
Дини христианӣ аз меҳрпарастӣ (митраизм) мафҳумҳои «Дева», «Богородица», «Богоматерь»-ро қабул кардааст, ки хоси митраизм аст.
Оини Марями муқаддас дар як қатор кишварҳои католикӣ ба мазҳаби наҳидӣ дар Эрони ибтидои асримиёнагӣ, аз ҷумла парастиши Нанай дар Суғд хеле монанд аст.
Шоёни таваҷҷуҳ аст, ки Нанай нусхаи суғдии номи олиҳаи бостонии эронии «Аноҳита» (пок, дӯшиза) аст, ки варианти форсии миёна «Ноҳид» будааст.
Ба он ҷашни алоҳида бахшида шуд, ки дар кишвари мо бо номи «Сайри гули лола» шинохта аст. Лола — қадимтарин рамзи таваллуд ва эҳё ба шумор меравад. Хуб мешуд, ки рӯзи байналмилалии занонро бо ин ид тавъам намоем.
Аммо чунин ивазкунӣ танҳо бо ҷорӣ шудани тақвими аслии хуршедӣ дар Тоҷикистон, ҳатто дар баробари тақвими феълӣ, ки дар бисёре аз кишварҳо амалӣ мешавад, имконпазир аст.
Ҳангоми гузаштан ба тақвими аслӣ, ки аз Наврӯз оғоз меёбад, ҷои ҷашни якуми январро метавонад ҷашни “Шаби чилла” ё “Шаби ялдо” бигирад, ки то имрӯз дар як қатор манотиқи Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Чунин аст мулоҳизаҳо дар мавзӯи синтези идҳои миллӣ ва ғарбии масеҳӣ. Синтези фарҳангҳо асоси тамаддунҳост. Масалан, ҳарчанд суннати арчаи солинавӣ аврупоиву насронӣ маҳсуб мешавад, аммо боз решаҳои эронӣ дорад.
Дар анъанаҳои суннатии мо “арчаи солинавӣ” дарахти арча набуд, балки дарахти дигари ҳамешасабз — кипарис ё ба забони форсӣ “сарв” буд.
Қобили зикр аст, ки дар худи фарҳанги аврупоӣ, аниқтараш юнониву румӣ, сарв рамзи марг маҳсуб мешуд, аммо дар масеҳият рамзи сарв баръакс шуд — он рамзи ҳаёти ҷовидонӣ гардид.
Аён аст, ки ин падида зери таъсири меҳрпарастӣ (митраизм) аз зардуштӣ сарчашма мегирад.
Тибқи ривоятҳо, худи Зардушт-пайғамбар дар шаҳри Кобуси Эрон як дарахти сарв шинонда буд, ки қабл аз ҳамлаи арабҳо вуҷуд дошт, баъдан онро бурида, ба Димишқ фиристоданд.
Анъанаи ороиши арчаи солинавӣ дар Помир то имрӯз боқӣ мондааст, ҳарчанд каме шаклан тағйир ёфтааст. Дар Помир аз чӯбҳои бед истифода мебаранд, пӯсти он тавре бурида мешавад, ки шакли дарахти шукуфонро мегирад.
Арчаи солинавӣ решаҳои худро дар ҷашни митраии мо — дар рӯзи солхӯрии зимистона ё Шаби Ялдо дорад, ки маънои Шаби Мавлуди Исоро дорад.
Арчае, ки русҳо дар ҷашни соли навашон меороянд, реша дар фарҳанги бостонии мо дорад. Милоди Масеҳ, ки масеҳиён дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд, реша дар ҳамин ҷашни шаби чилла дорад. Ялдое, ки мегӯянд, ҳамин милоди Масеҳ аст, ки ҷудо аз ҷашни шаби чилла аст. Мо шаби чилларо ҷашн мегирем, на шаби ялдоро.
Сарв дар фарҳанги мо намоди зиндагонӣ ва сарсабзиву ҳамешабаҳорӣ аст.
Митраизм ҷои худро ба дини насронӣ дод ва тамоми рамзи он ба дини насронӣ гузашт, ки дар он ҷо Митраро Масеҳ иваз кард.
Хулоса, арчаи солинавӣ барои мо тамоман бегона нест ва бо ёрии Ҳокимияти Советӣ ба асли худ баргашт. Дар таҷлили соли нави зимистона ҳеҷ чизи таҳқиромез нест, зеро тақвими расмӣ дар Тоҷикистон дар асоси тақвими григорианӣ сохта шудааст.
Умед Ҷайҳонӣ,
пажӯҳишгар
Аз русӣ тарҷумаи Н. Раҷабова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ