Мавлуди Паёмбар (с). Чаро онро чор моҳ ҷашн мегиранд?
Тибқи солшумории ҳиҷрӣ 12-уми рабеул аввал мавлуди Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Ӯ пешвои мардуми мусалмон буда, Худованд ба воситаи Ӯ Қуръони азиму шаънро ҷорӣ намуд. Айни ҳол, ки аксари мардум моҳҳои мавлудро бо тоъату ибодат мегузаронанд ва идае мехоҳанд дар бораи рӯзгори ибратбахши Пайғамбарамон Расули акрам ошноӣ пайдо кунанд, тасмим гирифтем, суҳбате атрофи саргузашти Ӯ, бо Ҷамолиддин Хомӯшӣ, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дошта бошем. Инак, фишурдаи суҳбати мо:
-Моҳи мавлуди Пайғамбар (с) муборак бошад. Мегуфтед, ки чаро моҳи мавлуд чор моҳро дар бар мегирад ва таваллуд ва наврасии Ӯ аз дигар паёмбарон чӣ тафовут дошт?
-Моҳи мавлуд се моҳ не, балки як моҳ, яъне 12-уми рабеул аввал аст. Воқеан ҳам мардуми тоҷик чор моҳро, яъне рабеул аввал, рабеус сонӣ, ҷимодул уло ва ҷимодус сонӣ моҳҳои мавлуд меҳисобиданд, ки он бо номи моҳҳои мавлуд ва чордодарон маъруф аст. Таваллуди Паёмбар (с) аз валодати дигар паёмбарон бо ин фарқ мекунад, ки ҳангоме, ки Раҳматал лил ъоламин қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштанд, ба қавли баъзе аз муаарихин ва ахбор ҷаҳонро рӯшноие фаро гирифт ва оташи оташкадаҳои бузурги форс хомӯш шуданд ва зилзилае ба вуқӯъ омад, ки тамоми бутҳо рӯ ба замин уфтоданд ва равоқи қасри Кисро фурӯ афтод. Дар таваллуди дигар паёмбарон мушоҳидаи ин дигаргуниҳо баён нашудааст. Фарқияти наврасии он Ҳазрат (с) аз дигар паёмбарон дар ин аст, ки он Ҳазрат ҳанӯз дар айёми тифлиаш се бор шаққи садр, ба истилоҳи имрӯза ҷарроҳӣ шудаанд. Мувофиқи ривоёт Ҳазрати Ҷибриили амин се бор синаи муборакашонро берун оварда, тоза намуда, ба ҷои худ баргардонда мондааст. Дар хонаводаҳое, ки ба калом расидааст, баракоти махсус ба мушоҳида мерасидааст.
-Дар ҳадисҳояш оварда шудааст, ки Паёмбар (с) бандагоне, ки ҳар чӣ зудтар издивоҷ мекунанд, дӯст медорад. Вале аз рӯи таърихи ислом худи Ӯ дар синни 25-солагӣ издивоҷ кардааст. Сабаби дар ин сину сол оиладор шуданаш чизе гуфта шудааст?
-Бояд зикр намуд, ки паёмбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаин аз дигар инсонҳо бо ҳусни хулқ ба куллӣ фарқ мекарданд ва онҳо инсонҳое буданд худнигаҳдор, боиффат ва парҳезкор. Ин ки Паёмбар дигаронро ба издивоҷ тавсия медоданд, ба тақозои табиати онҳост, яъне вақте як нафар ба синни балоғат мерасад, на ҳамеша, на ҳама касон парҳезро риоя мекунанд. Айёми ҷавонӣ вақти серҳаракатӣ, чусту чолокӣ ва албатта, ки вақти ҷӯшу хурӯш аст, ки баъзан ин ҷӯшу хурӯш ақлро мепӯшад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҷавонӣ шӯъбае аз ҷунун аст». Бинобар ин, барои пешгирӣ аз фасоду ҷиноятҳо хушунату бетартибиҳои оммавӣ ҷавононро тавсия ба издивоҷ намуданд ва касонеро, ки тавоноии издивоҷ надоранд, тавсия ба рӯза доштан намуданд, то ҷӯши шаҳват фурӯ нишонда шавад ва оташи низоъҳо фурӯ нишинанду душманиву ҷангу ҷидолҳо коҳиш ёбанд.
-Аксари мардон ба ҳамсаронашон бо пайравӣ аз Пайғамбар мегӯянд, ки Ӯ 7 зан дошт ва ман низ метавонам занҳои зиёд дошта бошам. Вобаста ба адолати Пайғамбар байни ҳамсаронаш ва муносибаташ чанд ҳарф мегуфтед?
-Ҳазрат дар синни 25 солагӣ бо зане издивоҷ намуд, ки қабл аз Ӯ ба қавле ду маротиба издивоҷ намуда, соҳиби фарзандон буд. Ин зан Хадиҷаи Кубро (р.а) буд, ки Паёмбар 25 соли умри худро бо он бонуи гиромиқадр гузаронданд. Чунон ки аз ахбори саҳеҳа бармеояд, бештари ин 25 сол, ки айёми ҷавонии Русулаллоҳ (с)-ро дар бар мегирад, дар гӯшанишиниву узлат ва дар ғори Ҳиро гузаштааст. Ҳар фарди солимақл агар дар зиндагии Паёмбар бо дидаи басират бингарад, ҳаргиз гумоне нахоҳад бурд, ки Ӯ дар паи комҷӯӣ аз занон буд. Агар ба таърихи ислом бингарем, ба ҳикмати бисёрзаниаш пай мебарем. Ӯ пас аз вафоти Абу Салама шавҳари Умми Салама бо ӯ издивоҷ намуд. Ӯ бо фарзандони шавҳари қаблӣ дар хонаи он Ҳазрат (с) ташриф овард. Паёмбар фарзандони ӯро парвариш намуда, бо ин амали хеш нишон дод, ки бо муҳаббат ва дӯстӣ фарзандони ҳамсарро парвариш бояд дод. Ҳазрати Ҷувайрия бар ҷанг дар дасти мусалмонон асир афтод ва дар саҳми Собит ибни Қайс қарор гирифт. Ӯ бо Қайс қарордоде баст, ки ман ба ту ин қадар мол медиҳам, ту маро озод кун. Сипас дар маҳзари он Ҳазрат омад ва аз ӯ кӯмак хост. Он Ҳазрат барояш гуфт: Амре беҳтар аз инро ба ту нагӯям, ки ман кулли молро бипардозам ва бо ту издивоҷ кунам? Ӯ бо масаррати комил ин пешниҳодро пазируфт. Он гоҳ Паёмбар он молро пардохт намуд ва бо Ӯ издивоҷ кард. Садҳо нафар аз қавми Ӯ дар милкияти асҳоб қарор гирифта буданд, зеро ҳама ба асорат даромада буданд. Ҳангоме, ки саҳобаи киром хабар ёфтанд, ки Ҷувайрия дар ақди Расулуллоҳ даромада аст, бо поси эҳтироми он Ҳазрат ҳамаи онҳо ғуломону канизони худро, ки ҳамқавмони Ҷувайрия буданд, озод карданд. Акнун ин ғуломону канизон аз қавми ҳамсари Паёмбар мебошанд, мо чӣ гуна онҳоро ғулому каниз нигаҳ дорем. Ҳазрати Оишаи Сиддиқа нисбат ба ин воқеа мефармояд: «Бо издивоҷи он Ҳазрат бо Ҷувайрия сад хонавода аз бани Мусталиқ озод гардид. Ман ҳеҷ занеро надидаам, ки нисбат ба қавмаш аз Ҷувайрия бобаракаттар бошад». Ҳазрати Умми Ҳабиба бо шавҳараш дар Макка дар оғози ислом мусалмон шуда буд ва сипас ҳар ду ҳиҷрат карда, ба Ҳабаша рафтанд. Шавҳараш дар он ҷо аз дин баргашта, насронӣ шуд ва пас аз чанд рӯзе вофот кард. Он Ҳазрат тавассути Наҷҷошӣ ба ӯ паёми издивоҷ дод, ки ӯ пазируфт. Умми Ҳабиба духтари Абӯ Суфён буд, ки он замон мусалмон нашуда буд ва сарпарасти қавме буд, ки душманӣ бо исломро ҳадафи хеш қарор дода буданд. Агар он Ҳазрат Ӯро ба ақди худ намедароварданд, бе сарпаноҳ ва бе касу кӯй мемонданд. Ба монанди ин, ҳар издивоҷи он Ҳазрат ҳикмат ва таърихе дорад, ки хоҳишмандон метавонанд ба китобҳои зиндагиномаи Паёмбар муроҷиат намоянд ва маълумоти бештаре бигиранд. Дар бораи адолати он Ҳазрат ҳаминро бояд гуфт, ки ҳаргиз ҷабре, ноадолатие нисбати ҳамсарон аз ҷониби Ӯ сар назада аст. Мушрикин дар ҳаққашон озори бисёреро раво диданд ва он Ҳазратро соҳир, маҷнун ва ғайраҳо номиданд. Вале касе аз онҳо натавонист ин иддаоро бикунад, ки Ӯ ба ҳамсарон ҷабр мекунад. Хулоса, касоне, ки даъво доранд, ки мисли Паёмбар чанд зан дошта бошанд, бояд аввал адолати Ӯро биёмӯзанд ва ҳикматҳои чандҳамсарии Ӯро бидонанд, то ба ҷони худ ҷафо накунанд, зеро дар Қуръон Худованд мардонро ба шарте иҷозаи бисёрникоҳӣ додааст, ки адолатро риоя карда тавонанд. Мардоне ҳастанд, ки ба як ҳамсар адолатро риоя намекунанд ва ҳаққи ӯро зоеъ менамоянд. Ин афрод бисёрзании Паёмбарро шунидаанд, вале адолату эҳтиром ва ятимпарварии Ӯро фаромӯш кардаанд.
-Кадом амали умматонаш Ӯро нороҳат мекард?
-Ҳар амале, ки хилофи фармудаи Худо, хилофи суннати набавист ва аз инсонияту эҳтиром бархӯрдор нест, метавон бар он нороҳаткунанда гуфт. Агар бар аҳодиси гуҳарбор муроҷеа шавад, аз манҳиёт ҳама он рафторҳои нороҳаткунанда маълум мегардад.
-Муносибати Пайғамбар (с) бо такабуррон чӣ гуна буд ва кадом гурӯҳе аз одамонро бештар интиқод мекард?
-Паёмбар фармудаанд: «Дар муқобили мутакаббирон такаббур кунед, ки он такаббур ибодат аст». Ва ҷои дигар фармудаанд: «Дар баробари мутавозеон тавозӯъ кунед ва дар баробари мутакаббирон такаббур».
-Ҳадисҳои саҳеҳ чӣ гуна аз ҷониби Худо ба Пайғамбар (с) муяссар мегашт, ки ба умматонаш расонад?
-Ҳар сухан ва феъле, ки аз Паёмбар сар задааст, ба он ҳадис гуфта мешавад ва он ҳама ақволу афъол роҳнамое барои уммат буданд. Худованд дар Қуръони Азимушшаън мефармояд: «Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд. Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад». Ва уммат агар ба гуфтаву кардаҳои Паёмбар таваҷҷӯҳ кунанд ва ба он амал намоянд, роҳёб хоҳанд шуд. Чунонки Саъдӣ раҳматуллоҳи алайҳӣ мефармоянд:
-Оё боре хато кардааст?
-Бояд қайд намуд, ки Паёмбарон аз гуноҳон пок буда, гоҳе аз онҳо лағжишҳое сар задааст. Барои мисол вақте Паёмбар сарони Қурайшро даъват медоданд, дар ин асно Абдуллоҳ ибни Умми Мактуми нобино ба масҷид ворид шуд ва бо садои баланд, ки халалрасони даъват буд, аз он Ҳазрат хост, то барояш оятҳои навомадаро таълим бидиҳанд. Паёмбар аз ин ки рафти даъват халал ёфт, бо чеҳраи нохушнуд ба сӯи Абдуллоҳ нигаристанд ва рӯйи худро баргардониданд, ки ҳамон замон сураи Абаса нозил шуд, ки итобе ба Паёмбар эрод гардид. Ва ба мисли ин ривоятҳои дигар низ вуҷуд доранд.
-Барои раҳоии ҷони касе ё аз дами марги маҷбурӣ наҷот додан дурӯғ гуфтааст?
-Паёмбар аз дурӯғ гуфтан бо шиддат манъ намуда фармудаанд: Дурӯғгӯ уммати ман нест». Вале дар таърихи ислом ҳодисаҳое вуҷуд доранд, ки бо гуфтани калимае чанд ҷони худро одамон аз марг наҷот додаанд, вале на ба фармони он Ҳазрат. Барои мисол воқеаи қатли Ёсир ва ҳамсараш Сумайя, ки дар пеши назари фарзандашон Аммор сурат гирифт ва Аммор бо гуфтани чанд калимае аз марг наҷот ёфт, ки Худои Таоло, ки донандаи асрори дилҳост, шубҳаи куфрро аз Аммор дур кард ва ба имони ӯ шоҳидӣ дод.
-Дар бобати ҳамсоядорӣ чӣ таъкид ба уматонаш кардааст?
-Дар бораи ҳамсоядорӣ аз ҷониби Паёмбар ба умматонашон таъкидҳои зиёде ворид шудааст. Барои мисол ба ин мазмун аз он Ҳазрат баён шудааст, ки ҳар нафаре дар рӯзи қиёмат аз ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ пурсида хоҳад шуд ва инчунин фармудаанд, ки Ҷибрил маро дар бораи ҳамсоя он қадар таъкид кард ки гумон кардам ҳамсоя аз ҳамсоя мерос мебарад.
-Муносибати Пайғамбар бо занон ё мардоне, ки аз ислом дур буданд, чӣ гуна буд?
-Паёмбари Акрам (с) соҳиби хулқи азим буданд. Чуноне ки Худованди Карим он Ҳазратро дар Қуръон васф намудааст: “Ва ба ростӣ ту дорои хулқи волое ҳастӣ”. Сарфи назар аз ин ки чӣ касе дар пешорӯяш қарор дорад ва чӣ дине дорад, бо ҳама хушрафтор буданд, ки ин хушхулқӣ боиси ба Ислом гаравидани бисёре аз мардуми он замон гардидааст. Вақте ки Адӣ ибни Ҳотами Тойӣ ба назди Расули Худо (с) омад, дар дини насронӣ буд. Расули Худо (с) фарши зери пойи худро ба зери пойи ӯ паҳн кард ва худ рӯйи замин нишаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ