Мавсума Муинӣ: 432 нафар беморон ройгон бистарӣ карда шуданд
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби беморхонаи шаҳрӣ 432 нафар ба маблағи 8,9 ҳазор сомонӣ ройгон бистарӣ карда шудаанд, ки аз онҳо 58 нафар оилаҳои камбизоат, 77 нафар маъюбон ва 72 нафар хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд.
Ин нуктаро Мавсума Муинӣ — раиси шаҳри Бӯстон зимни нишастӣ матбуотӣ зикр намуд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ 689 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо мутахассисони дорои маълумотӣ олӣ 145 нафар ва 317 нафар дорои маълумоти миёнаи тиббӣ мебошанд.
Ҳамчунин, дар нишаст зикр гардид, ки таъминнокӣ ба 10,0 ҳазор аҳолӣ бо мутахассисони дорои маълумотӣ олӣ 37,9 фоиз ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 82,9 фоизро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ