Мавсума Муинӣ ба парлумон омад
Мавсума Муинӣ, собиқ раиси шаҳри Бӯстон, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба интихоботи миёнадаврӣ дар Хуҷанд пешбарӣ шуд, пирӯз гардид.
Ба иттилои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Муинӣ, номзади пешбаринамудаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар Рӯзи интихобот бо гирифтани 63,7%-и райъи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон шуд.
Манбаъ вакили тозаинтихобро аз ҳар ҷиҳат лоиқи ин ном ва мансаби олӣ хонда, ӯро ҳамчунин соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон, обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ ва дар байни мардум намунаи ибрат муаррифӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш Президенти кишвар бо имзои як фармон Мавсума Муиниро аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод кард ва ба ҷойи ӯ Ғаффорзода Нигорахонро таъйин намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ