Мавсума Муинӣ дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоии ҷамоати шаҳраки Палос
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоии ҷамоати шаҳраки Палос дидан кард.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бӯстон, Мавсума Муинӣ дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати шаҳраки Палос аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои ҷамоати шаҳрак, кӯдакистони №16 ва маркази саломатӣ боздид ба амал овардааст.
— Иттилоъ дода шуд, ки аҳолии ҷамоати шаҳрак 3246 нафарро ташкил дода, дар он 2 мактаби миёна, 2 мактаби ибтидоӣ, муассисаи томактабӣ, китобхона, беморхона, сехи дӯзандагӣ ва корхонаҳои саноатии хурду миёна мавҷуд мебошанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ