Мавзуна армони духтуршавиашро ба хок бурд…

Санаи 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Баҳриддинзода Нуриддин Қутбиддин, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Қалъачаи Раиси ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Раҳимов Аҳтам Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Варзоб, бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Раҳимов А. ва мусофири он Ҳасанова Мавзуна Бурҳоновна, донишҷӯи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Бояд зикр намуд, ки Ҳасанова Мавзуна 11-уми феврали соли 2001 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Соли гузашта Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро хатм намуда, ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Дар баробари донишҷӯ будан яке аз волонтёри фаъоли Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич буд. Мавзуна дар оила фарзанди калонӣ буд, як хоҳару як додар дорад ва падару модараш деҳқон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *