Майкл Фелпс — Чемпиони 19-каратаи олимпӣ
Шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс маротибаи 19-ум унвони олии варзишӣ – чемпиони олимпиро сазовор гардида, дар таърихи 120-солаи Бозиҳои олимпӣ рекорди беназир гузошт!
Ин рекордро Майкл Фелпс 8 август дар ҳайати мунтахаби ИМА ҳангоми мусобиқаи шиноварии тарзи озод дар эстафетаи 4х100 метри Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гузошт. Мунтахаби ИМА дар ҳайати Фелпс, Калеб Дрессел, Райан Хелд ва Натан Эдриан ин масофаи финалиро дар зарфи 3 дақиқаю 9,92 сония шино карда, миёни дастаҳо ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҳамин тавр, Майкл Фелпс дар таърихи варзиш ягона чемпиони 19-каратаи олимпӣ шинохта шуда, 23 медали олимпиро соҳиб гаштааст. Ӯ нахустин медалҳои тиллоиро соли 2004 дар Бозиҳои XXVIII тобистонаи олимпии Афина (Юнон) ба даст оварда буд.
Эмоми Назариён
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ