Маймунбозӣ дар Русия

Соли 2016 дар Маскав муҳоҷир будам. Санаи 18 уми феврали соли 2016, баъди 20 рӯзи воридшавиам ба Русия патент (ҳуҷҷат барои кор) гирифтам.

 6 моҳ  қоидаҳои будубошро вайрон накарда, ҳар моҳ сари вақт маблағи патентро месупоридам, вале санаи 4 июл (баъди 6 моҳ) ба телефонам СМС-паём омад: «ПУЛОДЖОНЗОДА БУНЁДЖОН, нет информации об оплате Вашего патента. Ваш патент будет аннулирован через 30 дней. Чтобы патент не был аннулирован: 1) оплатите недостающие платежи, указав в квитанции Ваш ИНН; 2) приезжайте в ММЦ в Сахарово и предъявите в зоне регистрации квитанции об оплате патента на проверку их достоверности.»

Ҳайрон шуда баъди кор ба филиали «Сбербанк» рафтам. Ба корманди бонк гуфтам, ки ман ҳар моҳ дар ин ҷо маблағи патентамро месупоридам ва шумо ба ман расид (квитансия)-ро бо муҳру имзо медодед. Маблағи супурдаам куҷо шудаст, ки ба ман чунин СМС омад? Ба ман гуфтанд, ки чунин шуданаш мумкин нест. Мо дар доираи як система кор мекунем ва маблағи супоридаи шумо бояд ба суратҳисоби лозимӣ рафта расад. Сбербанк кори худашро анҷом додааст ва дар ин кор ягон хатогие нест. Аз бонк маълумотнома дар бораи он ки ман чӣ қадар маблағ супоридаам гирифтам ва ҳамаи квитансияҳои пардохтро ба киса зада барои ҳалли ин мушкилот ба маркази муҳоҷират воқеъ дар кӯчаи Сахарово (790 км дур аз ҷои корам) рафтам. Дар ин ҷо муҳоҷирони зиёде равуо доштанд. Як гурӯҳ барои ҳуҷҷатсупорӣ, гурӯҳи дигар барои ҳуҷҷатгирӣ, бархе мисли ман барои патент сарсону саргардон буданд. Ниҳоят навбатам расид ва корманди марказ шиноснома, патент ва квитансияҳои пардохти патентро аз назар гузаронида гуфт, ки мо маълумотҳо дар бораи шуморо ба марказ мефиристем. Баъди 3 соату 50 дақиқа маро боз даъват карда гуфтанд, ки ягон маълумот дар бораи супоридани патенти ман мавҷуд нест, ба ҷуз патенти моҳи аввал, ки рӯзи гирифтани ҳуҷҷат ба ҳамин марказ супоридаам. Бо маслиҳати кормандони марказ барои ҳалли ин мушкил ба номи директори генералии ин марказ  Николай Федосеев ариза навиштам. Баъди қабули ариза гуфтанд, ки рафта аз паи коратон шавед, аз ҷавоби аризаатон шуморо огоҳ мекунем. Тариқи СМС…

Он рӯз бо ин мушкил танҳо ман муроҷиат накарда будам. Садҳо нафар чунин смс гирифта, сарсону саргардон буданд. Яке аз муҳоҷирон гуфт, ки барои 11 моҳ патент супорида будам, вале акнун гуфта истодаанд, ки маблағи шашмоҳаи патенти шумо ба куҷо рафтааст, маълум нест. Баъди ин ҳодиса ба чанд тан шиносҳоям низ чунин СМС омад ва онҳо 2 -3 рӯзӣ овора шуда, аз ҳаққи худ дифоъ намуданд. Баъзеашон ба ягон ҷо муроҷиат накарда, ҳар чи бодо бод гуфтанд. Аҷибаш он аст, ки пас аз ин на ба онҳое ки ба маркази муҳоҷират рафта ариза навиштанд ва на ба онҳое ки ба ягон ҷо муроҷиат накарданд, дигар СМС наомад. Ростӣ, ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин чӣ «бозӣ» буд, вале ба ҳар ҳол хуб шуд, ки ба маркази муҳоҷират рафтам. Беэътиборӣ мекардам, шояд 16800 рублро аз нав месупоридам ё патентамро «аннулироват » (бекор) карда, маро депорт мекарданд.

Бунёдҷон Пӯлодҷонзода 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *