Сергей Прушенский: Маъюбӣ беморӣ нест

Имрӯз дар меҳмонхонаи Шератон семинари омӯзишӣ таҳти унвони Стратегияи робита барои тағйироти иҷтимоӣ ва Маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маъюбият  бо иштироки рӯзноманигорон, намояндагони дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор,  Комиссияи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо дастгирии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТҶ баргузор гардида истодааст.

Мақсади асосии семинари мазкур ба мувофиқа расидан оид ба параметрҳои асосӣ барои таҳияи Стратегияи робита барои тағйироти иҷтимоӣ оид ба масъалаҳои маъюбият аз ҷумла гузаронидани маъракаҳои баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ мебошад.

Яке аз иштирокчиёни семинар, ки аз ӯ Сергей Прушенский ном бурданд, чунин андешаронӣ намуд: « Бояд дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёдтар гузарнида шавад, чунки онҳо хуб дарк намоянд, ки маъюбон низ шахсони комилҳуқуқи ҷомеа маҳсуб меёбанд ва бо онҳо муносибат ва муоширати хубро ба роҳ гузоранд».   «Маъюбӣ ин беморӣ ё камбудӣ нест. Он аз таъсири мутақобилаи табиат буда,  дар давоми ҳаёт ва ҳамчунин ҳангоми таваллуд ба вуҷуд меояд»,- гуфт Сергей Прушенский, намояндаи Ташкилоти «Перспективы»-и  Федератсияи Русия.

 Маҳинаи Давлат

      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *