Майзада занашро бо корд зад

Чуноне ВКД хабар медиҳад, як сокини 43-солаи ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣ ҳамсари 34-солашро аз сари қафаси синааш бо корди хоҷагӣ захмӣ кардааст. Зан дар бемористон ва шавҳар акнун дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Захмӣ намудани ҳамсар бо корди хоҷагӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда 26-уми августи соли 2017, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 34-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *