Мазори Хурсандиро кӣ вайрон мекунад?

Мақомоти тафтишотии ноҳияи Бохтар ҳодисаи тахриб шудани санги мазорҳои дасти кам 28 қабрро дар оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ-2-и ҳамин ноҳия таҳқиқ мекунанд.

Дар давоми панҷ рӯзи ахир 30 сокини маҳаллӣ, асосан ҷавонон бозпурсӣ шудаанд.Ҳодиса баъди он маълум шуд, ки сокинони деҳа рӯзи 21 апрел ба мақомот дар бораи шикаставу хароб шудани сангҳои мазори қабристон хабар доданд. Ин ҳодиса, ки аз назари мақомоти маҳаллӣ камсобиқа барои ҷануби Тоҷикистон будааст, суолҳоеро дар заминаи ангезаҳои ин ҳодиса, аз ҷумла, эҳтимоли даст доштари афроди ҷиноятпеша ва ё гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин амалро ба бор овард. Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ мекунанд, ангезаҳои динӣ доштани ин амал ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани ин амал мебошад. Феълан мақомоти ҳукумати Бохтар аз шарҳи ҷузъиёт ва ҳам ҷараёни тафтишот худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бояд хулосаҳои тафтишотро интизор шуд. Тахриби мазор ва сангҳои рӯи қабрҳоро, ки як фарҳанги ҷоуфтодаи мазҳабу миллатҳои мухталиф дар Тоҷикистон аст, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз рӯи моддаи “таҳқири ҷасади фавтидагон ва гўри онҳо” муҳокима мекунанд, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *