Мазори одамхӯр

«Вой дод, келинамро гӯр кашид»,- мегуфт хушдомани ҷигарсӯхтаву зор-зор мегирист….
Майдон пудиназор буд ва занону духтарон ҳар субҳ ба ин мавзеъ пудиначинӣ меомаданд.

Аз пудиназор болотар мазори Хоҷасангимуроди Валӣ воқеъ гашта буд ва мардум аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои зиёрат ба оромгоҳи ин бузургвор меомаданд. Нигина зеботарин духтари деҳа ба шумор мерафт ва ҳамсояашон холаи Сокина ӯро барои хулқу хӯйи хубаш таги чашм карда буд. Холаи Сокина зани бешавҳар бошад ҳам, писаронашро хуб тарбия намуда буд ва бачаҳояш намунаи ибрати аҳли деҳ буданд. Нигина ба корҳои Сокинахола ёрӣ мерасонд ва қариб ҳар рӯз ба хонааш омада мерафт. Холаи Сокина аз Нигинаи чеҳрахандон миннатдор буд, ки барояш дастёри беминнат гаштааст ва мехост ба писараш ӯро келин кунад. Нигина ин хабарро шунида дар таҳи дил аз он, ки бо Санҷар хонадор мешавад, хурсанд гашта бошам ҳам, шарм дошта ба ҷойи худ хоҳараш Майрамро барои ёрдам кардан ба хонаи холаи Сокина мефиристодагӣ шуд. Санҷар, ки кайҳо меҳри Нигинаро дар дил ҷо карда буд, дар чанд рӯзи дурӣ аз азизи дилаш дилтанг шуда: «Очаҷон, зудтар Нигинаро хостгорӣ кунед, мабодо касе аз мо пештар хостгораш нашавад»,- гӯён, модарашро зорӣ мекард, ки корро тезонад. Модар кулчаву қандина пухта бегоҳи ҷумъа ба хонаи падари Нигина хостгорӣ рафт. Падару модари Нигина ҷавононро муносиб дониста онҳоро фотиҳа карданд.

                                Хушхабар
Санҷар бетоқатона интизори баргаштани модар буд. Ниҳоят холаи Сокина хандон аз дар даромада писарашро хурсанд намуд. Санҷар дар ноҳия магазини шахсӣ дошту ба зудӣ тамоми ҷиҳози арӯсии Нигинаро харидорӣ намуда ба хонаи онҳо фиристод.
Тӯй сар шуд. Холаи Сокина шоҳписарашро бо шиму пиҷаки сиёҳ дида, худоро шукр мегуфт. Шавҳари раҳматиашро ба ёд оварду ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд, ки падар рӯзи муроди писарашро намебинад, вале боз худро дошта писарашро бо рақсу бозӣ ба хонаи арӯс бурд. Нигина дар либоси арӯсӣ мисли фариштаи аз осмон ба замин фаромада зебову қашанг гашта буд. Бо навои карнаю сурнай шаҳу арӯсро ба хона оварда тӯйи бодабдабае оростанд. Зиндагии ширини дилдодаҳо оғоз шуд. Холаи Сокина аз келини ҳунарманду меҳнатияш розӣ ва аз тақдир миннатдор буд, аммо…

                                        Фоҷиа
Ҳамсоядухтарҳо арӯсаки мисли ғунчаи гул навшукуфтаро ба ҷону ҳолаш намонда, ду ҳафта баъд аз тӯяш ба пудиназори назди мазор ҳамроҳашон пудиначинӣ бурданд. Қабзаҳои пудина дар даст духтарон дар гирди гӯрҳои куҳна гаштугузор намуда бо ҳамдигар ҳазлу шӯхӣ мекарданду механдиданд. Солҳои пеш дар ин мавзеъ чандин одамони бе гуноҳро силоҳдорон кушта, гӯронда буданд, вале духтарон инро намедонистанд. Қариб 30-40 гӯри шаҳидони гул- гулкафан ба замин фурӯ рафта, ҷояшонро об мисли кӯл зер карда буд. Нигина тоқичаи арӯсӣ дар сар рӯ-рӯи гӯри шаҳидон қадам мезад ва чӯби дасташро ба оби кӯлчаҳо халонда қиқиросзанон механдид. Вай ба рӯи кӯлчаи навбатӣ хам шуда хост сураташро дар об бинад, вале аз чӣ бошад, ки ин навбат дар қаъри об ба ҷои акси арӯсак сурати бадҳайбате пайдо шуд. Нигина махлуқи пашмини ғӯлмонандеро дида аз тарс лолу карахт шуда монд. Мадораш суст шуда беҳуш шуда ба даруни кӯл афтид. Духтарҳо ин манзараро дида ба даҳшат афтиданд. Онҳо чӣ кор карданашонро намедонистанд, танҳо «Янгаи Нигина худашро ба кӯли об партофт»,- гӯён фиғон мекашиданд. Маҳина, ки нисбати дигар занону духтарон калонсолтар буд, таклиф намуд, ки ҳамакаса кӯшиш карда, Нигинаро аз об бароранд, вале ҳарчанд гирдогирди кӯл гаштанд, аз арӯсаки Нигинаи бадбахт нишону осоре наёфтанд. Шумхабарро ба холаи Сокина расониданд. Кампири бечора «воҳ» гӯён, дилашро дошта, ба замин афтид. Санҷар модарашро бо спирти навшотир ба худ оварду ҳарду бо нолаву фиғон ба мазор омаданд. Мардуми деҳ аллакай ҷамъ шуда буданд. Санҷар хост арӯсаки нокомашро аз гӯри одамхӯр барорад, вале мӯйсафедони деҳа ӯро боз доштанд. Холаи Сокина зор-зор гириста дили мардуми ҷамъшударо ба гиря медаровард. Кампир дар сари гӯр мисли мурғи посӯхта давида зорикунон «духтарамро бароред» мегуфт. Санҷарро ҳарчанд медоштанд, домоди аз васли арӯси нозанинаш носер боз талоши ба кӯл даромадан мекард.
Падару модари Нигинаи ҷавонмарг аз он ки ҳатто ҷасади духтари гуларӯсашонро намебинанд, ба сактаи дил гирифтор гаштанд. Деҳотиён аз ин воқеаи ҳузнангез ба таҳлука афтода рӯйи тамоми кӯлҳо, аз ҷумла гӯри пур аз оби арӯсаки бечораро ҳам бо хок пур намуданд, то боз ягон каси дигар ба коми бало фурӯ наравад. Санҷар тоби дурии ҳамсари зебояшро накарда хун мегиристу субҳ то шом нола мекард. Холаи Сокина ба бистари беморӣ афтида, то ҳол рӯи ҷойгаҳ хоб аст. Волидони Нигинаро аз ғами фарзанд пару болашон шикастаасту ҳар субҳ бо дили хунчакон ба сари қабри гуларӯсашон рафта дуову фотиҳа мехонанд. Аз байн ду сол гузашта бошам ҳам, Санҷар дубора зан нагирифтааст. «Дунё, ки бо ман вафо накарда бахтамро шикаст, то охирин нафас бо ёди Нигинаи нозанинам зиндагӣ карда, барои азизи ба хокрафтаам месӯзам ва Худоро зорӣ мекунам, ки ҷонамро зудтар бигирад, то ба ҳамсари ҷавонмаргам пайвандам»,- мегӯяд домоди бадбахт ва оби чашмашро ноаён пок мекунад…

Рустам Азимӣ
Р/С
Қисса воқеӣ буда, дар яке аз деҳаҳои хушманзараи ноҳияи Ҳисор ба вуқуъ омадааст. Номи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *