Мазори Саидалӣ Маъмурро обод кунед!

Ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода

Ба Оромгоҳи Лучоб рафтам, ба зиёрати мазори ду ҳамсабақам — Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар ва Саидалӣ Маъмур. Мазори Гулназар бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Айнӣ обод аст, хурсанд шудам, вале мазори Саидалиро дида, ҷигарам пора шуд.

Банда бо Гулназар ва Саидалӣ аз соли 1961 ошно ҳастам. Ҳамон сол мо донишҷӯйи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудем. Сарнавишти мо ба адабиёт пайванд будааст. Инҳо ду нафар шоирони номвари кишвар шуданд, ман бошам, аз пайи таҳқиқ ва тадрис рафтам, вале робитаи дӯстӣ ва равуои мо то лаҳзаҳои марги эшон идома ёфт. Афсӯс, ки вабои аср — “КОВИД-19” ин ду шоири бузургро аз мо рабуд. 

Зиндагиномаи Саидалӣ Маъмурро нақл намекунам, зеро онро аксарият медонанд. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиндагӣ ва азоби руҳӣ Саидалӣ эҷод мекард, менавишт, дар ҷустуҷӯ буд ва дар натиҷа осори мондагор аз худ ба ёдгор монд. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ ҳам шуд. Рӯзгори Саидалӣ бисёр душвор ва пуразоб пушти сар шуд. Беш аз 30 сол бо ҳамсари бемор зиндагӣ кард. Писаронаш пайиҳам аз олам даргузаштанд. Ҳамаи ин дардҳоро дӯсти ман таҳаммул кард ва барои адабиёт хизмати шоиста анҷом дод.

Аз Саидалӣ баъди марг фарзанде намонд. Ягона муттако ва пушту паноҳаш Фарзон ҳам чанд рӯз пеш аз падар гирифтори “КОВИД” шуда, фавтид. Ҳамин аст, ки касе нест оромгоҳи ӯро таъмир кунад.

Бинобар ин, аз шумо, раиси ҷавон ва фарҳангии шаҳри Истаравшан, мехоҳам, ки ташаббус нишон дода, оромгоҳи фарзанди фарзонаи Истравшан Саидалӣ Маъмурро обод кунед. Гумон намекунам, ки обод кардани мазори як шоир барои шумо ва Истаравшан барин шаҳри обод душворӣ дошта бошад. Умедворам, ин пешниҳоди маро амалӣ хоҳед кард.

Абдурашид САМАДОВ,

адабиётшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *