Мазори Шариф зери ҳамлаҳои шадиди Толибон
Ҷангиёни созмони мамнӯи Толибон* аз чор тараф шаҳри Мазори Шарифро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Ҷангиёни Толибон* дар пайи ҳамла аз чор ҷониб тавонистаанд аз як тараф вориди Мазори Шариф шаванд, хабар додааст РИА Новости бо такя ба намояндаи ин созмони мамнӯъ.
Аммо расонаи афғонистонии «Тулӯъ» аз идомаи ҷангҳо дар Балху Тахор хабар дода, афзудааст, ки даргириҳо дар наздикии шаҳри Мазори Шариф, маркази Балх рух дода истодаанд. Ин расона афзудааст, ки ҷангҳо инчунин дар минтақаи Пули Имом Бухорӣ шиддат гирифтаанд.
Мусоҳибони «Тулӯъ» таъкид намудаанд, ки агар нерӯҳои ҳавоӣ ба пуштибонии нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ зудтар наоянд, ҷангиёни Толибон* хатти дифоъро мешикананд.
Дар ҳамин ҳол РИА Новости бо такя ба намояндаи Толибон* афзудааст, ки ҳамла ба Мазори Шариф аз чор тараф аз сар гирифта шуда, ҷангиён тавонистаанд, ки аз як тараф вориди шаҳр шаванд.
Мазори Шариф, маркази музофоти Балх аз шаҳрҳои калидии шимоли Афғонистон мебошад, ки то ҳол ҷангиёни Толибон* натавонистаанд онро ғасб намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ