Меҳрангез Гасанова: Ҳанӯз ҳам саршори ҳаяҷонам

Меҳрангез Гасанова ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо, ки дар остонаи 70-умин баҳори умр ба сар мебарад, давоми фаъолияти ба нақшҳои офаридааш дар даҳҳо Фестивалу симпозиумҳои ҷаҳонӣ сазовори ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ гардидааст. Ӯ соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав ба олами ҳунар ворид шудааст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори ҳафтанома ҳунарпешаи номдор аз пайроҳаи дар ин ҷода сипаринамудааш қисса кард.

-Нахуст мегуфтед, ки инсон ҳунарманд таваллуд мешавад ё дар зиндагӣ ин истеъдод дар ӯ ташаккул меёбад?

-Дар вақташ орзуи ба факултаи шарқшиносӣ, забони арабӣ дохил шудан доштам, вале он солҳо факултаи мазкур як сол духтар қабул мекарду соли дигар не. Замони хатми ман ба ҳамон соле рост омад, ки духтарҳоро қабул намекарданд. Агар ду соли дигар мунтазир мешудам, синнам ба 19 мерасид, аз ин рӯ, ҳамон сол ба шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва дохил шудам. Дар кӯдакӣ вақте муаллимамон мепурсид, ки дар оянда кӣ шудан меҳоҳӣ, дар ҷавоб дилпурона мегуфтам “актриса”. Воқеан ҳам ба орзуям расидам, зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки дар рӯи саҳнаам, вале ҳанӯз ҳам метарасам ва дар ҳаяҷонам, ки тамошобин нақши маро чӣ гуна қабул мекарда бошад. Талош менамоям, ки нақшҳоро табиӣ бозам ва дар ҳар нақше ҷузъе аз ҳастии худро бахшидаам.

 -Нақши Ҳуснороро аз филми “Хусури ман” тамошобин чӣ гуна қабул кард?

-Баъд аз ин филм, дар кӯча маро кампири Ҳусноро ё “тётя Хусни” мегӯянд. Сабаби ба дилҳо роҳ ёфтани филми мазкур жанри он буд. Дигар мардум хаста шудааст, аз филмҳои тирпарониву ғамангез.  

Чаро шуморо ба ин филм даъват карданд?

-Режиссёр Набиҷон Пирматов чанд сол қабл филми “Арӯси замонавӣ”-ро ба навор гирифта буд. Дар филми мазкур нақши модари Раҳматшоро бозӣ карда, аз ҳамон рӯз инҷониб дар рекламаҳои хурди наворҳои Набиҷон, баъд дар филми “Ишқ –пул-Душанбе” нақш бозидам. Баъдан маро ба филми “Хусури ман” даъват кард, ки дар он нақши зани деҳотиро мебозам. Вақте ба ин филм даъват шудам, нафарони зиёде гуфтанд, ки ман шаҳриам ва нақши зани деҳотиро бозӣ карда наметавонам. Вале фикр мекунам, ин ба ҳунари як ҳунарманд вобаста аст, ки дар нақш чӣ гуна ворид мешавад.

-Ҳоло ҷуз ин филм ба чӣ корҳо банд ҳастед?

-Ду сол қабл як режиссёр маро барои нақшофарӣ дар филми русии “Яничар” даъват карда буд. Он коргардон аз пушти зодмандонаш, ки яке гурҷӣ ва дувумӣ озарӣ аст, дар бораи Тоҷикистон ягон маълумот надорад. Бояд нақши бибии қаҳрамонро дар ин филм иҷро мекардам. Филми мазкур, ки як рӯзи ҳаёти наврасеро нишон медиҳад, дар 15 фестивали ҷаҳонӣ ҷой гирифт. Чанде қабл режиссёр маро боз даъват кард. Ин бор дар филми калон. Аз моҳи август барои иҷрои он нақш ба Маскав меравам.

-Бароятон душвор нест дар чанд филм нақш офаридан?

-Чанд сол пеш духтарам пешниҳод намуд, ки ба ман маблағи хуб медиҳад, фақат дигар кор накунам. Дар ҷавоб гуфтам, ки агар аз кор бароям, баъди се моҳ мемирам. Ман бо ҳунарам зиндаам, вақте саҳна мебароям, тамоми дардҳоямро фаромӯш мекунам.

-Чанд рӯз пас зодрӯз доред, ин санаро чӣ гуна пешвоз мегиред?

-Албатта пиронсолиро ба гардан намегирам. Баъзан ба ман мегӯянд, чаро ороиш намекунӣ, ки дар нақшҳо ҷавон ба назар намоӣ. Аммо солмандӣ давлат аст, ки ба ҳар кас муяссар намегардад.

Шукронаи онро дорам, ки рӯзҳои хушу хушбахтиҳои бешумор насибам гардид. Соҳиби ҳама чиз ҳастам. Зиндагии хушбахт, ҳамсари меҳрубон, фарзандони фарзона ва чаҳор набера дорам, ки ду нафарашон оиладор шудаанд. Оила сутуни устувори ман дар зиндагӣ аст, ки имрӯз агар аз ҷой бархезам, онҳо баробарам рост меистанд. Чун аз дари хонаашон дароям, бо меҳру самимият маро истиқбол мегиранду эҳтиромамро ба ҷой меоранд, ки худро хушбахттарин модари рӯи дунё эҳсос мекунам. Шукргузор аз онам, ки дар зиндагӣ ба орзуву ормонҳоям расида, аз худ ному нишоне барои насли оянда ва халқи худ боқӣ мегузорам.

Мусоҳиб: Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *