Меҳринисо: Ман шоири баиқболам!
Шоири шинохта Меҳринисоро дар ҳавлии наваш машғули нигоҳубини гулҳо дарёфтам. Боғчаи шоира дар ин рӯзҳои баҳорӣ тамошобобу илҳомбахш аст. Чун аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба аёдати эшон омаданамро гуфтам, маро хуш пазироӣ карданд…
Ҷавонӣ лабрези ҳавасҳост
Чун баҳор асту айёми шукуфтанҳо, суҳбати мо низ бо шоир Меҳринисо аз ёди рӯзгори ҷавонӣ оғоз шуд.
— Чор фасли умри инсон бо падидаҳояш, бо дастовардҳояш, бо набардҳояш, бо шебу фароз, шодиву ғам ва аз даст доданҳояш… барояш азиз аст. Ногузир ин марҳилаҳоро тай бояд кард,- мегӯяд шоир ва ба суҳбаташ идома медиҳад: “Ҷавонии инсон амсоли баҳор аст. Дар ин давра инсон лабрези ҳавасҳост, нафасаш тоза, бо як бағал орзуву умеду ният ба шоҳроҳи ҳаёт қадам мениҳад. Мисли ҳамаи ҷавонон, ки орзуи таҳсилу соҳиби маълумот шуданро доранд, ман ҳам рахти сафар бастам ба Душанбе ва ҷавониҳои ман дар ин шаҳри орзуҳо сипарӣ гардидааст”.
Оилаи намунавӣ
Яке аз лаҳзаҳои ба ёд мондании ҷавонии шоир Меҳринисо дар Душанбе ошноӣ бо ҳамсараш буд. Мегӯянд, ки Шаҳбози кӯлобӣ ба Меҳринисои панҷакентӣ дил басту ин пайванд ба вуҷуд омад. Солҳост, ки оилаи профессори маъруф Шаҳбоз Кабиров ва шоири шинохта Меҳринисо намунаи ибрат аст.
Меҳринисо мегӯяд, ки “рисолати зан дар зиндагӣ пур аз меҳру муҳаббат будан ва садоқат доштан ба зиндагӣ мебошад”.
— Омӯзиши муҳаббат ва арзиши саодати зиндагӣ ба фарзандон, ҳамчунин, пос доштани анъанаҳо, мероси гузашта, расму ойин, забон ва ғайра ҳама ба дӯши зан аст. Албатта, мардон низ рисолати худро доранд, вале рисолати зан, ки бештар ба ахлоқ, муҳаббат, садоқат… иртибот дорад, муҳим аст,- мегӯяд шоир Меҳринисо.
Шоир Меҳринисо ҳамроҳи шавҳараш професор Шаҳбоз Кабиров 3 фарзанд доранд, ки ҳама соҳибмаълумотанд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Духтари калонӣ — Парвина хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон асту омӯзгор мебошад. Фарзанди дуюм — Хуршед низ касби падарро ихтиёр кард, баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳи илмро пеша намуд ва имрӯз профессори ҳамин донишгоҳ аст. Фарзанди сеюмашон бошад, корманди яке аз ширкатҳост.
“Падару модар ба умед фарзанд калон мекунанд, ки боғи умед шавад. Фарзандро мисли шамъ болои дастони ларзон нигоҳ медоранд, то хомӯш нашавад. Бинобар ин, масъулияти фарзанд аз он иборат аст, ки орзую умеди падару модарро бароварда кунад. Шукр, ки фарзандони ман то имрӯз рӯйи сурхи мо ҳастанд, сарамонро хам накардаанд”,- мегӯяд шоир Меҳринисо.
Ҳамкорӣ бо ҳунармандон
Солҳост, ки мутрибону ҳунармандон шеърҳои шоири ширинкалом Меҳринисоро оҳанг баставу месароянд. Аз муаллима пурсон шудам, ки ҳамкории эшон бо ҳунармандон чӣ гуна сурат мегирад?
— Мутрибону ҳунармандон шеърҳои маро бисёртар аз китобҳоям интихоб мекунанд. Ман ҳаргиз ба онҳо шеър пешниҳод накардаам. Баъзан онҳо ба наздам оҳанги тайёр меоранд, ки чизе нависам. Ҳеҷ гоҳ онҳоро ноумед накардаам. Вақте шеъри шоир ба дасти ҳунарманди хуб меафтад, ин иқболи ҳар як шоир аст. Ин на ба ҳама даст медиҳад. Ман шоири хеле баиқбол ҳастам, ки беҳтарин ҳунармандони тоҷик, аз қабили Одина Ҳошиму Ҷӯрабек Муродов шеърҳои маро сароидаанд. Бештар шеърҳои маро худораҳматӣ Зулфиқори Азиз оҳанг бастааст. Ӯ ягона ҳунармандест, ки ҳеҷ вақт шеърамро хато нахондааст…
Мавлуди бетантана
— Соли гузашта мавлуд доштед, 70-сола шудед. Чаро онро таҷлил накардед?,- суол кардам аз муаллима ва чунин посух шунидам:
— Ман ҳаргиз таҷлили расмиро дӯст намедорам. Вақте дар синфҳои болоӣ таҳсил мекардам, он вақт ҳамроҳи ҳамсинфон зодрӯзамро ҷашн мегирифтам. Дар донишгоҳ бошад, ҳамроҳи ҳамкурсон. Ҳар рӯзи таваллудам ман интизори хешу табораму пайвандонам мешавам. Аз субҳ дастархон меороям, дӯстону пайвандон ва алоқамандон ба табрикам меоянд.
Сармояи зиндагӣ
— Ҳоло чӣ рӯзгор доред? Машғули чӣ коред?
— Баъди чандин солҳо девони ман тариқи нашриёти “Адиб” чоп шуд. Чор китоби дигарамро худам чоп кардам. Ин сармояи зиндагии ман аст. Феълан, баъди ба нафақа баромадан, машғули корҳои эҷодӣ ҳастам. Куллиётамро омодаи чоп мекунам ва шабҳои эҷодӣ мегузаронам. Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд шаби эҷодӣ доштам. Ният дорам, ки дар дигар шаҳрҳо низ шаби эҷодиамро баргузор кунам.
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
МАЪЛУМОТНОМА:
Меҳринисо Бобобекова 19-уми январи соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Ба ҳайси муҳаррири шуъбаи маҷаллаи «Фирӯза», мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо мамолики хориҷӣ ва мутахассиси Бунёди Созмони милал оид ба дастрасиии занон ба моликият кор кардааст. Аз моҳи майи соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ» мебошад. Аз соли 2015 то соли 2021 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар буд. Дорандаи ордени “Шараф”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ