Меҳрии Муҳибӣ (Меҳрсо) – Америка- Эрон
Як соли нурӣ
Сахт аст,
На,
Маҳол…
«Бимир аз он ҷо,
Сабз шав кунҷи ҳамин девор!»
…Гӯшҳоям занг мезанад гоҳе,
Садои қадамҳоят ҳанӯз…
Намешавад,
Ҳатто падарбузурги садсолаам,
Сисолагиашро ҳаргиз аз ёд набарад!
Дилам каме алзаймер мехоҳад,
…Ва «ту» эй, ки шабеҳи дирӯз нестӣ!
***
Ту …
Борон меояд,
Дилам як ҷуръа хиёбони валиаср мехоҳад,
Ва ту ҳам дастонат,
…Кӯчаҳое, ки ҳаргиз бунбаст набуд!
Алифбои ошноӣ,
Ва чашмони наҷиб,
Борон меборад,
Фақат як дили сери Имомзода Солеҳ…!
…Бўйи борон меояд,
На бӯйи сабза,
На бӯйи хок,
Бӯйи тамаддуне хӯравор ба ҷони танҳоиям!
Хок мехоҳам,
…Хок,
Ва «ту» эй, ки дар интиҳои минибус,
Сандалиатро ба ман таоруф мекунӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ